АЗ АВТОМОБИЛҲОИ БОРКАШИ ГАРОНВАЗН ТО МЕРСЕДЕС СПРИНТЕР Кадом намуди нақлиёт дар осеб дидани роҳи Душанбе – Чаноқ “саҳм”-и бештар доранд?
Нақлиёти автомобилӣ дар таъминоти логистикии иқтисодиёти Тоҷикистон нақши калидӣ дорад, зеро аксари борҳо дар мамлакат (беш аз 90 фоиз) маҳз тавассути ин намуди нақлиёт интиқол дода мешаванд. Аммо ин ки мошинҳои боркаш аз меъёри муқарраршуда зиёд бор гирифта, роҳҳо ва пулҳоро вайрон менамоянд ва ба давлат зарари калон мерасонанд, таҳаммулнопазир аст. Дар ин хусус вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ҷаласаи назоратӣ бо иштироки роҳбарони воҳидҳои дахлдор ва муассисаҳои зертобеи вазорат нигаронӣ намудааст.
Қобили зикр аст, ки баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва дар ин замина мутобиқ намудани он ба талаботи байналмилалӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар ин самт мунтазам чораандешӣ мешавад.
Эътироф бояд кард, ки сарфи назар аз фаъолияти пурмаҳсули кормандони «IRS», бинобар аз ҷониби баъзе ронандагон риоя нагардидани қоидаҳои ҳамлу нақли молу маҳсулот вайроншавии роҳи Душанбе –Чанок мунтазам буда, сол то сол тамоюли афзоишро касб кардааст. Дар ин масир садҳо километр роҳ осеби ҷиддӣ дида, филиали Ширкат минтақаҳои осебдидаро таъмири куллӣ менамояд.Лозим ба ёдоварист, ки аз аввали фаъолият «IRS» таъмири куллӣ ва ҷории роҳро шурӯъ карда буд. Тавре аз далелу рақамҳо бармеояд, дар муддати 15 сол зиёда аз 2,3 миллион метри квадратии роҳи Душанбе – Чаноқро таъмиру азнавсозӣ гардида, бо ин мақсад қариб 300 ҳазор тонна асфалт сарф шуд.
Бо мақсади пешгирӣ ва бартараф намудани ин раванди номатлуб (аз меъёр зиёд бор гирифтани воситаҳои нақлиёт) филиали Ширкат тадбирандешӣ намуда, ин раванд муттасил аст. Дар навбати аввал корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд, зеро беҳтарин васила баҳри рафъи мушкилот маҳз ҳамин усул аст. Мутаассифона, бо вуҷуди густурда будани корҳои фаҳмондадиҳӣ, на ҳама ронандагон муҳимияти масъалаи мавриди назарро дарк намуданд.
Сониян, нуқтаҳои вазнченкунӣ фаъол гардиданд. Махсус таъкид менамоем, ки андешаҳо дар бобати он ки нуқтаҳои мазкур ба хотири ҷамъоварии иловагии маблағ таъсис ёфтаанд, беасос буда, масъулин ба ҳеҷ ваҷҳ манфиатдор нестанд, ки ронандагон аз меъёр зиёд бор гиранд. Зеро хароҷоти “IRS” дар робита ба таъмири роҳ аз маблағе, ки дар нуқтаҳои вазнченкунӣ ҷамъоварӣ мешаванд, ба маротиб зиёд аст.
Имрӯз аксар маврид аз “саҳм”-и фура ва автомбилҳои гаронвазни боркаш дар вайронашвии роҳ мегӯянд. Бегуфтугӯ, сарфи назар шудани талаботи мавҷуда аз ҷониби ронандагони ин намуди нақлиёт далели бебаҳс аст. Вале солҳои охир ба ин раванд мушкилии ҷиддии дигар зам шуд.
Манзури мо истифода васеи автомбилҳои тамғаи “Мерседес спринтер” мебошад. Ин автомобилҳо тибқи таъинот ба гурӯҳи мошинҳои сабукрав шомиланд, вале дар кишвари мо, бо сарфи назар намудани қоидаҳои ҳамлу нақл, барои интиқоли молу маҳсулот то андозае суиистифода шуда истодаанд. Дар натиҷа таъсири манфӣ ба ҳолати роҳ афзуда, зарурати бознигарии категорияи “Мерседес спринтер”-ҳо ва ҷиддитар намудани танзими ҳаракати онҳо пеш омадааст.
Мутахассисон собит кардааанд, ки таъсири харобиовари “Мерседес спринтер”-и «Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд» -ро риоянамекарда ба асфалт дар қиёс ба автомобиле, ки тибқи меъёр бор гирифтааст, ба маротиб бештар аст.
Илова бар ин, моликони “Мерседес спринтер”-ҳо бо сарфи назар кардани талаботи мавҷуда, ки пайомади номатлуби техникиро ба думбол дорад, ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеа эҷод менамоянд. Хавфи рух додани садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки ин намуди автомобилҳо, ки аз рӯи таъинот сабукраванду дар асл баробар бо автомобилҳои категорияи дуюм ба боркашӣ машғуланд, низ бениҳоят зиёд аст.
Моҳиятан бознигарии категория ва танзими ҳаракати “Мерседес спринтер”-ҳо усули таъсиррасонӣ маҳсуб шуда, ҳадафи роҳбарияти “IRS” ба ин васила аз байн бурдани қонуншиканӣ (бо бори аз меъёр зиёд ҳаракат намудани воситаҳои нақлиёт) аст. Қобили зикр аст, ки иқдоми мазкур ба иҷрои «Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд» марбут буда, риояи муқаррароти қоидаҳои зикршуда аз ҷониби моликону истифодабардагони воситаҳои нақлиёт, новобаста аз шакли моликият, ҳатмӣ мебошад
Итминонамон комил аст, ки мусофирону ронандагон моҳияти ин иқдомро дуруст дарк намуда, талаботи ҷоримешударо риоя хоҳанд кард.