САФАР БЕ ОМОДАГӢ МАСЛИҲАТ НЕСТ
Филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нигоҳдории роҳи Душанбе-Чанок ба зиммааш вогузор аст, сарфи назар аз вазъи обу ҳаво, фаъолияташро чун ҳарвақта дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба роҳ мондааст. Ин аст, ки бо вуҷуди номусоидии обу ҳаво роҳи Душанбе – Чанок кушода аст.
Танҳо ба хотири ба вуҷуд наомадани тамбашавии воситаҳои нақлиёт бо назардошти вазъият барои муҳлати кутоҳ ҳаракати воситаҳои нақлиёти притсепдор ва “фура”-ҳо муваққатан боздошта мешавад.
Борҳо гуфта будем ва иловатан таъкид менамоем, ки маҳз бетафовутии як идда ба тавсияҳои мо- бобати бе омодагии ҷиддӣ ба роҳ набаромадан, худдорӣ кардан аз сафар бо воситаҳои нақлиёти бидуни тири пешбаранда, ба ҷой овардани эҳтироми ҳамдигар боиси ба вуҷуд омадани тамбашавӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқ мегардад. Табиист, ки дар чунин ҳолат ашхоси аз асли масъала ноогоҳ борони маломатро сари филиали Ширкат мерезанд, ҳол он ки мо рисолати худро дар сатҳи хубу сифати баланд ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ пеш бурда истодаем.
Аз ҷониби дигар, дар ҳолати мазкур техникаҳои пуриқтидори филиали Ширкат наметавонанд сари вақт ба маконе, ки дар он ҷо боришот шадид аст, сафарбар шаванд. Мутаассифона, ҳастанд нафароне, ки гуфтаҳои мазкурро ҷиддӣ қабул накарда, аксар маврид онро худсафедкунӣ арзёбӣ менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҳавои ноустувор дар кишвар ҳушдор дода, таъкид намуда, буд дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво якбора паст шуда, боридани барф дар назар аст. Дар баробари Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Бозрасии давлатии автомобили Вазорати корҳои дохилии мамлакат низ аз ронандаҳо даъват кард, ки воситаҳои нақлиёти худро барои истифода ба фасли зимистон омода намоянд.
Бо назардошти гуфтаҳои боло, роҳбарият ва кормандони Филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро бовар мекунонанд, ки сарфи назар аз вазъи обу ҳаво фаъолияти филиали Ширкат чун ҳарвақта дар сатҳи хуб ва сифати баланд сурат хоҳад гирифт. Барои ин шароиту имконоти зарурӣ фароҳам буда, омодагӣ ба мавсими мавриди назар ҷиддӣ аст.
Хуб дар хотир дорем, ки пештар роҳи мазкур ҳамасола ба муддати 6-7 моҳ аз сабаби фаромадани тарма ва ҳодисаҳои дигари табиӣ баста мешуд. Замони мавҷуд набудани роҳи муносиб дар ин самт истифодабарандагони роҳ ҳамарўза бо мушкилоти зиёд дучор гашта, шумораи зиёди одамон ҳатто ҷонашонро аз даст медоданд. Имрўз бо шарофати фароҳам омадани шароити муносиб хатарҳои қаблан мавҷудбуда бартараф шуда, ањолӣ аз роҳи автомобилгарди ба меъёрҳо ҷавобгў бархўрдор мебошанд.
Таҷрибаи чанд соли охир далели возеҳи он аст, ки маҳз дар заминаи ҷаҳду талош ва меҳнати шабонарўзии кормандони филиали ширкати фавқуззикр шоҳроҳи мазкур баста набуд. Бинобар ин, аз ронандагон хоҳиш менамоем, ки бидуни омодагие, ки фасли сармо тақозо дорад ва бо автомобилҳое, ки тири пешбар надоранд ба роҳ набароянд, зеро дар баробари он ки худашон ба мушкил мувоҷеҳ мегарданд, ҳамзамон ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеа эҷод менамоянд.
Табиат қонунҳои нонавиштаи худро дорад, ки аксар вақт инсон дар муқобили онҳо оҷиз аст. Бо назардошти ин гуфта муътақидем, ки ҳамватанонамон вазъиятро дуруст дарк намуда, ба тадбирандешиҳо баҳои холисона медиҳанд.