ТАДБИРАНДЕШИИ БЕТАЪХИР, ИҶРОИ БАРЗИЁДИ  НАҚШАИ ТАЪМИР ВА АРЗИ  СИПОСИ ШАҲРВАНДОН

 

  Аз далелу рақамҳои мавҷуда метавон хулоса кард, ки таъмиру таҷдид дар фаъолияти филиали IRS мақоми меҳварӣ дошта, далели возеҳи масъулиятшиносии роҳбарияти он аст.

Муҳим он аст, ки ин раванд зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарияти филиали ширкат қарор дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кӯчактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад.

  Тавре иттилоъ дода будем, соли равон доираи фаъолият васеъ гардида, бо харҷи 27167,37 тонна асфалт таъмири 189011 метри квадратии роҳ дар назар буд.

  Тибқи нақша, дар минтақаи Варзоб 46050 метри квадратӣ бо масрафи 6595,35 тонна асфалт, минтақаи Зарафшон – 42821метри квадратӣ бо сарфи  6072,52 тонна асфалт ва дар минтақаи Суғд 100140 метри квадратӣ бо харҷи 14499,50  тонна асфалт  бояд таъмири куллӣ ва ҷорӣ мегардид.

  Ба  шарофати масъулиятшиносӣ, азми қавии кормандон ва истифодаи самараноки имкониятҳои аз ҷониби роҳбарияти филиали Ширкат фароҳамшуда дар Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Зарафшон нақша барзиёд иҷро гардида, 57299,28  метри мураббаъ роҳ таъмир шуд, ки ба 134 фоиз   баробар аст.

  Дар намояндагии Варзоб низ нақшаи мавриди назар барзиёд иҷро гардида, бо истифода аз 7174,30  тонна мумқири истеҳсоли корхонаҳои худӣ 50363  метри квадратӣ таъмир шуд. 109 фоиз иҷро шудани нақшаи муайянгардида  шаҳодати он аст, ки  дар минтақаи зикршуда низ фаъолият дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ гардидааст. Фаъолияти кормандони намояндагии минтақаи Суғд низ пурмаҳсул буда, дар ин замина 103237, 94 метри мураббаъ таъмир ва барои ин кор 12011,40 тонна асфалт сарф гардид.

  Ёдрас мешавем, ки ҳоло зиёда аз 800 нафар дар филиали ширкат фаъолият доранду маҳз ба шарофати меҳнати пурмаҳсули онҳо роҳи Душанбе – Чанок мунтазам кушода аст.

  Ҳар рӯз садҳо мутахассиси соҳибтаҷриба бо кумаки техникаи махсусгардонида ба нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ, ки аз лиҳози моҳият дар ҷисми кишвар шабеҳи шоҳраг аст, машғул буда,  кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, то сифати он барои солҳои тӯлонӣ нигоҳ дошта шавад.

  Қобили зикр аст, ки IRS барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯйи талаботи бахши роҳсозӣ амалӣ намудани вазифа имконият ва шароити зарурӣ, аз қабили мутахассисони болаёқат, корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таҷҳизоти замонавӣ, техникаҳои пуриқтидор дошта, аз онҳо самаранок истифода менамояд.

  Матолиби дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки аз ҷониби соҳибназарон, хоса онҳое, ки пештар аз мавҷудияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқод мекарданд, эътироф гардид, ки бинобар надоштани нигоҳбони масъулиятшиносе чун IRS роҳҳои дигаре, ки ба тозагӣ навсозӣ шудаанд, дар муддати кӯтоҳ рӯ ба вайронӣ оварда, аксарият вазъи ногувор доранд.  

 Ҳамрадиф бо ин, ҳастанд  нафароне, ки аз набудани роҳи ба истилоҳ "алтернативӣ " нигаронанд. Ин ашхос шояд намедонанд, ки  дар баландии зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр сохтани  роҳи ба истилоҳ "алтернативӣ " мантиқан ва моҳиятан зери суол аст. Дар он сурат барои мавҷудияти роҳи пулакӣ чӣ зарурат мемонад?

Сониян, бунёди роҳи алтернативӣ, хоса масири Душанбе - Чанок, ки аз минтақаи релефаш душвори кӯҳистон мегузарад, кори саҳлу сода нест. Муҳимтар аз ҳама, нигоҳдории роҳи "алтернативӣ" низ хароҷоти қобили мулоҳиза дошта, сарбории масрафи маблағҳои буҷавиро зиёдтар менамояд. Нигоҳдории роҳ кори осон нест ва хароҷоти бениҳоят зиёд дорад. Мантиқан пулакӣ шудани роҳ низ ба хотири сарфа намудани маблағҳои Буҷети давлат ва минбаъд равона намудани он ба самтҳои дигар, аз ҷумла, пардохти қарз, амалӣ шудааст.

Ба ибораи дигар, дар заминаи шарикии Давлат ва бахши хусусӣ ин вазифа (нигоҳдории роҳ) ба зиммаи бахши хусусӣ вогузор гардид.

  Хурсандиовар аст, ки вақтҳои охир теъдоди шахсоне, ки зимни сафар аз тариқи роҳи Душанбе – Чанок сипоси хешро тавассути баргаҳои филиали Ширкат дар шабакаҳои иҷтимоӣ  ва сомонаи  он ба роҳбарият ва кормандони IRS барои масъулиятшиносӣ мерасонанд, тамоюли афзоишро касб намудааст. Зеро онҳо шоҳиди ҳол мешаванд, ки тадбирандешиҳо дар роҳи мазкур хеле зиёд буда, филиали Ширкат рисолати хешро дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба ҷо оварда истодааст.

   Омили мазкур масъулияти кормандони IRS- ро афзун намуда, барои боз ҳам беҳбуд бахшидани нишондиҳандаҳои фаъолият такони ҷиддӣ  мебахшад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо