Ҳамватанони азиз!

 

Нуҳуми сентябри соли равон мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни муқаддасу муборак – 32 -солагии Истиқлолияти давлатиро бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мекунанд. Ба ин муносибат шумо, аҳли хонавода ва ҳамкоронатонро самимона шодбош гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо саодату хушбахтӣ ва дар амалисозии нияту нақшаҳои некатон комёбӣ орзумандам.

Истиқлолият рамзи соҳибдавлатии миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки ба шарофати он мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо сохт.

Маҳз истиқлолият ба мо имконияти таърихӣ фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем.

Боварӣ дорам, ки минбаъд низ бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ободиву тараққиёти кишвари азизамон беш аз пеш саъю талош мекунем.

Ҷашн муборак!

Бо эҳтиром

Нодирҷон Сафаров - Директори филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо