АЗ 1-УМИ ИЮН МАҲДУДИЯТИ МАВСИМӢ ОҒОЗ МЕШАВАД

 

Бунёди роҳ як тарафи масъала асту нигоҳ доштани он идомаи мантиқии ин раванд мебошад ва дар сурати амалӣ нагаштани ин кор вайрон гаштани роҳ аз эҳтимол дур нест. Бинобар ин, тадбирандешиҳои ба нигоҳдории роҳ дахлдошта дар фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи шартномаи конссесионӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳдории роҳи Душанбе –Чанок ба зиммааш вогузор аст,  меҳвар  маҳсуб мешавад.

  Қобили зикр аст, ки бо вуҷуди фаъолияти пурмаҳсули “IRS”, бинобар аз ҷониби баъзе ронандагон риоя нагардидани талаботи мавҷуда, ки ба ҳамлу нақли бор тавассути мошинҳои гаронвазн дахл дорад, зарурати таъмири куллии аксар минтақаҳои роҳи Душанбе-Чаноқ ба миён  омадааст.

   Ба маълумоти шаҳрвандон мерасонем, ки бо фаро расидани мавсими гармо, шурӯъ аз 1-уми июни  соли равон то 31 августи ҳамин сол маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз соати 10:00 то 19:00 ҷорӣ мешавад.

   Ин маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст.

  Икдоми мазкур ҷиҳати иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷорӣ намудани маҳдудияти мавсимии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои истифодаи умум» амалӣ шуда, ҷиҳати эмин нигоҳ доштани роҳ аз вайроншавии пеш аз муҳлат ва таъмини бехатарии мусофирону ронандагон ва воситаҳои нақлиёт шароит фароҳам меорад.

  Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки чунин иқдом на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар аксарияти мамлакатҳои олам роиҷ буда, натиҷаҳои хуб ба бор овардааст.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо