ҚИЁС ВА ХУЛОСАИ  БЕҒАРАЗ

 

 

Чанде пеш тавассути роҳи Душанбе – Чаноқ сафар доштам. Қаблан дар бораи нисбатан сербориш омадани тирамоҳи соли гузаштаву  зимистони имсола ва  дар ин замина зиёд гардидани сарбории кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” (“IRS”)  зиёд шунида будам.

   Аз дидани пайомади боришу тармафароии ин мавсим, ки то ҳоло дар масири мазкур боқӣ мондааст, боварӣ ҳосил намудам, ки воқеан ҳам фаъолияти кормандони “IRS”  қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш аст. Ба ибораи дигар,  бориши  пуршиддату давомдори барф ва тармафароии бениҳоят зиёд дар роҳи Душанбе – Чаноқ бори дигар кордониву ҷасорат ва масъулиятшиносии  роҳбарияту  кормандони “IRS”-ро   ба маъраз гузошт.

  Муҳим он аст, ки ба шарофати иродаи хастагинопазири онҳо дар ин марҳилаи бениҳоят ҳассос эътимоди шаҳрвандон ба он ки роҳи Душанбе - Чаноқ дар симои “IRS” нигоҳбони боэътимод дорад, тамоюли афзоишро касб намуд.  

  Ба сифати зодаи водии Зарафшон хуб медонам, ки  ағбаи Анзоб ва гирду атрофи он хосатан дар фасли зимистон хатарноктарин роҳ аст. Ягон соле набуд, ки аз ин масир  хабари фоҷиавӣ нашунавем. Хусусан дар наздикии минтақаи Майхура, саҳеҳтараш, аз гардиши васли рӯди Сиёма ба рӯди Варзоб то Майхӯра ҳар сол  даҳҳо нафар зери тарма мемонданд. Бинобар ин, мардум ин қитъаи ваҳим ва пуртаҳлукаро аз замонҳои пеш  “Новаи мурдаҳо” номидаанд. Маҳз бо ин сабаб ҳамасола 7 моҳ рафтуомад тариқи он ғайриимкон буд.

  Ҳарчанд қабл аз соҳибистиқлолӣ мушкилоти ин роҳро масъулини вақт медонистанд, аз фоҷиаҳо воқиф буданд, аммо мегуфтанду менигаристанд ва мерафтанд. Лоиҳаи нақби Анзоб (ҳоло Истиқлол) дар замони шӯравӣ тарҳрезӣ гардида, аммо дар татбиқи он афсона эътироф шуда буд. Маҳз ба шарофати нияти нек ва азми қавии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афсона ба воқеият табдил ёфта, ҳоло мардум аз роҳи ҷавобгӯ ба меъёрҳо  истифода карда истодаанд.

 Бунёди роҳ агар  омили асосии ҳалли мушкил бошад, нигоҳдории он идомаи мантиқии ин раванд аст. Аз ҷониби дигар, нигоҳдории роҳ кори саҳл, ҳамон тавре, ки баъзеҳо мепиндоранд, набуда, хароҷоти зиёд дорад.

  Бемуболиға метавон гуфт, ки дар давоми фаъолият роҳбарият ва кормандони “IRS”, ки дар  асоси шартномаи конссесионӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нтгоҳдории роҳи мазкур ба зиммаашон вогузор гардидааст, рисолати хешро  бо садоқат иҷро карда, дар ин раванд  ба маънои том  қаҳрамониву фидокорӣ нишон доданд.

   Шоҳид ҳастем, ки дар мавсими сармо кормандони “IRS” шабонарӯзӣ роҳро бо маводи зиддилағзиш коркард менамоянд, ҳазорҳо тармаро бетаъхир бартараф месозанд, автомобилҳои дар роҳ дармондаро ба макони амн интиқол медиҳанд, мусофиронро муваққатан дар хонаҳои устоҳои роҳ ҷойгир карда, ба ронандагону мусофирон ғизо тақсим мекунанд.

   Бо фаро расидани гармо сарбории кормандони он зиёдтар шуда, таъмири куллӣ ва ҷории роҳ, азнавсозии пулҳо, тоза намудани ҷӯйборҳои канори роҳ, насби аломатҳои он, соҳилмустаҳкунӣ, бунёди пойдеворҳо ва дигар корҳои марбут ба нигоҳдории роҳи Душанебе – Чаноқ бо истифода аз масолеҳи хушсифати ва ҷалби мутахассисони болаёқат амалӣ мегардад. Ин ҳолатро зимни сафари зикршуда бо чашми сар дидем.

 Метавонем гуфт, ки кормандони ғаюри «IRS” аз бисёр имтиҳону озмоишҳо бо сари баланд гузашта, вазифаи худро бошарафона иҷро карда истодаанд. Мутаассифона, дар ин раванд 10 корманди ширкати мазкур ҷони худро аз даст доданд.

   Рӯз то рӯз болотар рафтани мақому манзалати филиали Ширкат ва тамоюли афзоишро касб намудани маҳбубияти он миёни мардум, пеш аз ҳама, натиҷаи ҳамин ҷонфидоиҳост   Бовар дорем, ки онҳо нигоҳдории роҳи Душанбе  - Чаноқро  минбаъд низ сарбаландона, бо интизоми қавӣ ва  донишу малакаи муосир иҷро менамоянд.

 

Асомиддин Ғиёсзода,

журналист

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо