Ҳамватанони гиромӣ!

 

Бо арзи эҳтиром ва самимияти беандоза шуморо ба фарорасии Наврӯзи оламафрӯз  сидқан табрик менамоям.

Ниёкони накуноми мо Наврӯзро ҷашни офариниши табиату инсон ҳисобида, дар ин айём ба ҳам омада, бо тараннуми сулҳу дӯстӣ ба якдигар хайру хубӣ мехостанд ва бо бахшидани ҳамдигар кинаҳоро аз дил дур мекарданд.

Доир ба моҳияти ин ҷашн мухтасар мегӯям, ки Наврӯз падидаест, ки ҷаҳони маънӣ дар он  нуҳуфтааст ва   ҷаҳонӣ шуданаш самараи мақому манзалати бениҳоят баланд ва маҳбубияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.  Ҷаҳонишавии Наврӯз ҳақиқати таърихии ба асолати худ баргаштану эътироф шудани ин суннати аҷдодиро ба воқеият табдил дод.

Хеле рамзӣ аст, ки  Наврӯз ҷашни хислату амалҳои нек буда, муқаддима ва муҳтавои асосии онро пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори неки инсонҳо ташкил медиҳад.

Аз ин лиҳоз, дар рӯзҳои пурфайзи наврӯзӣ иқдомоти созандаи мардум вусъати тоза пайдо карда, сокинони кишварамон ба хотири обод намудани диёрамон азму талоши бештар менамоянд.

Боварии комил дорам, ки мо бо ҳусни ният, ҳамкории содиқонаву созанда ва  садоқату арҷгузорӣ ба арзишҳои инсонӣ, давлатӣ ва миллӣ  метавонем ба  кулли мақсадҳои неки худ ноил гардем.

Наврӯзатон фирӯз ва ҳар рӯзатон   наврӯз бод!

 

Бо  эҳтиром ва иродат

Нодирҷон Сафаров –директори филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо