РОҲИ ДУШАНБЕ – ЧАНОҚ: АЗ МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ ТО ҚАДРДОНӢ
Бориши бесобиқаи барф ва тармафароии бениҳоят зиёди мавсими имсола дар роҳи Душанбе – Чаноқ бори дигар кордониву масъулиятшиносӣ, ҷасорату садоқати роҳбарият ва кормандони «IRS»-ро ҳамчун масъули нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ ба маъраз гузошт.
Ба шарофати азми қавӣ ва иродаи хастагинопазири онҳо дар ин марҳилаи бениҳоят ҳассос эътимоди шаҳрвандон ба он ки роҳи Душанбе - Чаноқ дар симои «IRS» нигоҳбони боэътимод дорад, афзун гардид. Бидуни муболиға тадбирандешиҳои аҳли «IRS» дар ин рӯзҳо, ки аксарият ба натиҷаи дилхоҳ доданаш то андозае шубҳа доштанд, моҳиятан қаҳрамонӣ аст.
Қобили зикр аст, ки бориши пуршиддати барф ва тармафароии ин мавсим бесобиқа буда, маҳз омодагии ҷиддӣ, тавонмандии қобили мулоҳиза, масъулиятшиносии роҳбарият ва ҷонфидоиии кормандони «IRS» боис гардид, ки ин марҳила бо сарбаландӣ паси сар гардад.
Шабонарӯзӣ тоза намудани роҳ аз барф, коркарди он бо маводи зиддилағжиш, бетаъхир бартараф намудани садҳо тарма, муваққатан ҷойгир намудани мусофирон дар хонаҳои устои роҳ, тақсим намудани озуқа ба онҳо, ба макони бехавф интиқол додани автомобилҳои дар банди тарма монда аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки бо ҳисси масъулиятшиносӣ амалӣ гардид.
Рӯз то рӯз болотар рафтани мақому манзалати филиали Ширкат ва тамоюли афзоишро касб намудани маҳбубияти он миёни мардум, пеш аз ҳама, натиҷаи хизмати содиқона маҳсуб мешавад. Табиист, ки дар ин раванд саҳми роҳбарият, хоса директори филиали Ширкат Нодирҷон Сафаров арзанда аст. Месазад ёдовар шавем, ки номбурда дар рӯзҳое, ки бориши барф пуршиддат буду тармафароӣ бениҳоят зиёд, дар раванди бартарафсозӣ шахсан ширкат дошт. Дар ин муддат «IRS» зиёд мухотаби аҳли ҷомеа буд ва хушбахтона, аҳли он тавонистанд, ки новобаста аз мушкилоти зиёди марбут ба иқлим, ҳаракати муназзаму бехатари нақлиётро тавассути роҳи Душанбе – Чаноқ таъмин намоянд.
Арзи сипос аз ҷониби ронандагону мусофирон, қаноатмандии роҳбарони сохторҳои давлатӣ, баҳои баланди меҳмонони хориҷӣ роҳбарият ва кормандони «IRS»-ро беш аз пеш рӯҳбаланд месозанд.
Чунин қадршиносӣ онҳоро водор менамояд, ки вазифаи худ - нигоҳдории роҳи Душанбе - Чаноқро минбаъд низ сарбаландона, бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир ва муҳимтар аз ҳама, бо рӯҳияи баланд иҷро намоянд.