РОҲКУШОИЕ, КИ МОҲИЯТАН ҶОННИСОРИСТ

 

 

 Бориши пуршиддати барф ва тармафароии зиёди рӯзҳои охир   дар  роҳи мошингарди Душанбе -Чанок  камназир буда, кормандони “IRS” дар ин муддат садҳо тармаро бетаъхир бартараф карда, роҳро мунтазам аз барф тоза ва бо маводи зиддилағжиш коркард намуданд.

   Илова бар ин, ронандагону мусофиронро дар роҳ дармондаро ба макони амн гузарониданд. Барои ин қабил  ронандагону мусофирон  маводи озуқа дастрас шуда, вобаста ба имконият як қисми онҳо  дар хонаҳои устои роҳ, ки ба филиали Ширкат марбут мебошанд,  муваққатан ҷойгир шуданд.

    Ибтикори мазкур далели бебаҳси он аст, ки роҳи Душанбе – Чанок дар симои “IRS” нигоҳбони боэътимод дорад. Дар он рӯзҳо корҳои бартарафсозӣ зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарият қарор дошт. Танҳо дар минтақаи Варзоб, аз километри 42 то 73-юми роҳ  85 тармаи хурду бузург фаромад. Дар минтақаи Зарафшон низ тармафароӣ зиёд буд.  Паҳноии калонтарин тарма 400 метр ва баландиаш 15 метрро ташкил  дод. 

   Бо назардошти вазъияти мавҷуда, роҳбарияти филиали Ширкат тасмим гирифт, ки барои бартарафсозии тарма булдозерҳоро истифода намояд. Ёдовар мешавем, ки дар робита ба боришоти шадиду тармафароии  зимистони солҳои 2016-2017 филиали Ширкат теъдоди муайяни булдозерҳоро, ки истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи олам мебошанд ва барои сари вақт ба макони зарурӣ интиқол додани онҳо трейлер харида буд. Мардуми зиёд, ки  ҷаҳду талоши кормандони филиали Ширкатро шоҳиди ҳол буданд,  ба  тадбирандешии бетаъхир  таҳсин гуфтанд. Хушбахтона, дар натиҷаи тармафароии бениҳоят зиёд талафоти ҷонӣ  ва моддӣ нарасид.

    Роҳи Душанбе-Чанак ба нигаҳдории махсус ниёз дорад. Ҳарчанд  бунёди роҳ муҳим аст, вале нигоҳдории он муҳимтар.  Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки нигоҳдории ин роҳи пураҳамиятро айни замон филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон  тибқи талаботи мавҷуда ба ҷо оварда истодааст.

  Бо назардошти  мавқеи ҷойгиршавии роҳи Душанбе – Чанок нигоҳдории онро ба ҳеҷ ваҷҳ набояд кори осон пиндорем.  Маҳз мавҷудияти пойгоҳи пурқуввати техникӣ (224 техникаву механизм)  ва муҳимтар аз ҳама масъулиятшиносии роҳбарият ва кормандони “IRS”  боис аст, ки роҳи мазкур дар ҳолати хуб қарор дорад.

  Фаромӯш набояд кард, ки то ба ихтиёри филиали Ширкати зикршуда додани роҳи Душанбе – Чанок он ҳамасола 6 – 7  моҳ баста буд.  Ронандагону мусофирон дар ин масир бо чӣ мушкилот мувоҷеҳ мешуданд, хуб дар хотир дорем. Солҳои охир ба шарофати меҳнати пурмаҳсул ва масъулиятшиносии кормандони филиали Ширкат роҳ, ба истиснои чанд рӯз, он ҳам дар мавсими тармафароӣ бо мақсади таъмини бехатарии шаҳрвандон, дигар умуман баста набуд.  Онҳое, ки баъзан аз мавҷудияту фаъолияти ин Ширкат нигаронӣ менамоянд, бояд омилҳои зикршударо ба назар гиранд ва ҳақиқатро эътироф намоянд.

    

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо