Ҳар он кас, ки бар ту нагӯяд дуруст ...

 

 

 

Масъулиятшиносии кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қавле «дар пӯсти худ эҳсос кардам»-у тасмим гирифтам ин мақоларо нависам. Зеро мардум бояд аз асли воқеа бохабар бошанд, то ба он баҳои воқеӣ дода тавонанд. Ба ибораи дигар:

Ҳар он кас, ки бар ту нагӯяд дуруст,

Чунин дон, ки ӯ душмани ҷони туст.

Ман низ то ин замон  мепиндоштам, ки масъулини “IRS” вобаста ба боришот ва тармафароӣ аз ҳад зиёд воҳима мекунанд, вале воқеиятро дар рӯзҳои охир бо чашми худ дидаму ба даҳшат афтодам. Ҳатто шабона кормандони “IRS” фаъолиятро қатъ накарданд ва ягона умед чароғҳои равшани техникаҳои пуриқтидори Ширкат буд, ки ба маънои томаш ба дили ронандагону мусофирон шуълаи умед мекиштанд. Ин муболиға нест, дар нимашаб, замоне ки  ҳама масти хобанд, кормандони Ширкат баҳри кушода будани роҳ шабзиндадор буданд.  Аҳсан!

Роҳ таври мунтазам бо маводи зиддилағжиш коркард шуду техникаҳо мунтазам  барфро тоза карданд. Чунин масъулиятшиносӣ буд, ки роҳи Душанбе – Чаноқ,  сарфи назар аз бориши пуршиддати барф ва тармафароии бениҳоят зиёд баста нашуд.  Барои муқоиса: Дигар роҳҳои мамлакат бо вуҷуди чандон шиддатнок набудани бориши барф ва набудани тармафароӣ дар рӯзҳои мавриди назар баста буданд. Мефаҳмам, ки нигоҳдории роҳ рисолату вазифаи кормандони “IRS”  аст, вале эътироф бояд кард, ки аз уҳдаи иҷрои вазифа на ҳар кас баромада метавонад. Дар ин рӯзҳои сармо масъулини филиали Ширкат бо роҳбарии Директор - Нодирҷон Сафаров дар минтақаҳои сербориш доимо ҳамроҳи  кормандон буданду барои дар сатҳи хубу сифати баланд пеш рафтани кор онҳоро ҳавасманд ва рӯҳбаланд карданд.

  Роҳандозии умури назорати кор бо чунин шева замина фароҳам овард,  ки бо вуҷуди пуршиддат будани бориши барф ва бениҳоят зиёд будани тармафароӣ, дар маҷмӯъ, ҳолати роҳ қаноатбахш бошад. Хулоса ин аст, ки барои иҷрои рисолати худ  дар сатҳи хубу сифати баланд "IRS" комилан тавонманд аст. Дар он рӯзҳои сербориш кормандони филиали Ширкат ончунон роҳи Душанбе – Чаноқро  поккорӣ намудаанд, ки барои истифодаи занҷир зарурат намонд. Ин аст масъулиятшиносӣ.

 Замоне ки  “IRS” дар асоси шартномаи консесионӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳдории шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанокро ба уҳда гирифт, буданд нафароне, ки изҳори норозигӣ мекарданд. Албатта, ин як раванди табиӣ буд, зеро он вақт ҳанӯз моҳияти пулакӣ шудани роҳро мардум хуб дарк накарда буданд. Хушбахтона, бо гузашти вақт сафи норозиён на танҳо коста гардид, балки қариб аз байн рафту ҳоло мардум аз фаъолияти филиали ин Ширкат изҳори қаноатмандӣ менамоянд.

 Муҳимтар аз ҳама, пулакӣ шудани роҳ нархи роҳкироро на  афзоиш, балки коҳиш дод. Бо роҳкирое, ки имрӯз ба шаҳру ноҳияҳои  вилояти Суғд сафар мекунед, пеш аз «пулакӣ» шудани роҳ сафар кардан ғайриимкон буд.

Роҳи мазкур баъд аз таҷдид мавриди истифода аст ва мусаллам аст, ки дар ин муддат он таъмирталаб шудааст. Аз ин рӯ, агар ширкат фаслҳои зимистону баҳор ба тоза кардани роҳ аз тармаву селовардаҳо машғул шавад, пас фасли гармо таъмири он масъалаи меҳварист. Имрӯзҳо агар аз ин роҳ гузар намоед, дар ҳар қитъа кормандони «IRS»-ро машғули кор мебинед.

Дар баробари нигаҳдории роҳ Ширкат, ҳамчунин корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонии худро дорад. Корхонаҳои қуму сангреза ва истеҳсоли асфалт бо сармоягузории Ширкат таъсис ёфтаву алъон фаъолияти пурмаҳсул доранд. Чунин тарзи корро дида, мардум аз фаъолияти филиали Ширкати «IRS» дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ мекунанд, зеро бе мавҷудияти шояд шоҳроҳи байналмилалии зикршуда кайҳо хароб мегардид.

  Дар баробари тоза нигоҳ доштани роҳ филиали Ширкат, ҳамчунин нисбат ба автомобилҳои дар роҳ дармонда ва ба садама дучоршуда низ бетаваҷҷуҳ нест. Хусусан, ҳангоми ба садама дучор шудан бо истифода аз техникаҳои махсус ҳатман онро ба макони лозимӣ мерасонанд. Мушкили ягона ба одитарин қоидаи роҳ, ба манъкуниҳои нозирон аҳамият надодани ронандагони мошинҳои калони боркаш буд, ки бо кӯшиши пештар рафтан раҳро мебастанду мушкил ба вуҷуд меоварданд. Селу тармафароии солҳои  ахир дар  роҳи мошингарди Душанбе -Чанок    барои ширкати “IRS” як санҷиши ҷиддӣ пешорӯи мусофирону ронандагон буд, ки роҳбарият ва кормандонаш  сарбаландона аз он гузаштанд. Чун ман ҳам аз ҷумлаи мусофирон будам, дидам, ки кормандони ширкат аз уҳдаи масъулияти доштаашон баромаданд. Техникаҳои зиёд  роҳро дар фурсати кӯтаҳтарин тоза намуда, ҷони мусофиронро аз шабзиндадориҳо дар ҷойҳои офатзада  халос карданд. Босуръат ва муташаккилона ҷараён доштани нигоҳдории роҳ аз масъулиятшиносиву поквиҷдонии кормандони ин ширкат гувоҳӣ дода, далели бебаҳси он аст, ки роҳи Душанбе – Чанок дар симои “IRS” нигоҳбони боэътимод дорад.

 

Салим Алимов,

муҳандиси ҳифзи ҷангали Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо