БОЗ ЯК ИМТИҲОНЕ,  КИ "IRS" САРБАЛАНДОНА ГУЗАШТ

 

Бо вуҷуди зиёдтар осебпазир будан аз бориши барф ва тармафароии бесобиқаи рӯзҳои охир   роҳи Душанбе  - Чаноқ кушода аст.  Ба шарофати меҳнати пурмаҳсули кормандони "IRS"  ҳаракати нақлиёт тавассути роҳи зикршуда таъмин буда,  аз ҷониби аҳолӣ низ масъулиятшиносии кормандони ин ширкат  эътироф гардид.

   Шоҳидони ҳол низ эътироф карданд, ки дар ин рӯзҳои сармои қаҳратун ва тармафароии зиёд роҳи Душанбе – Чаноқ   доимо, ҳатто шабона   бо маводи зиддилағжиш коркард шуду техникаҳо мунтазам  барфро тоза карданд. Чунин масъулиятшиносӣ буд, ки роҳи Душанбе – Чаноқ,  сарфи назар аз бориши пуршиддати барф ва тармафароии бениҳоят зиёд баста нашуд.  Барои муқоиса: Дигар роҳҳои мамлакат бо вуҷуди чандон шиддатнок набудани бориши барф ва набудани тармафароӣ дар рӯзҳои мавриди назар баста буданд.

 Бегуфтугӯ, ки нигоҳдории роҳ рисолату вазифаи кормандони “IRS”  аст, вале эътироф бояд кард, ки аз уҳдаи иҷрои вазифа на ҳар кас баромада метавонад. Дар ин рӯзҳои сармо масъулини филиали Ширкат бо роҳбарии директор - Нодирҷон Сафаров дар минтақаҳои сербориш доимо ҳамроҳи  кормандон буданду барои дар сатҳи хубу сифати баланд пеш рафтани кор онҳоро ҳавасманд ва рӯҳбаланд карданд.

  Роҳандозии умури назорати кор бо чунин шева замина фароҳам овард,  ки бо вуҷуди пуршиддат будани бориши барф ва бениҳоят зиёд будани тармафароӣ, дар маҷмӯъ, ҳолати роҳ қаноатбахш бошад.

 Дар баробари тоза нигоҳ доштани роҳ филиали Ширкат, ҳамчунин нисбат ба автомобилҳои дар роҳ дармонда ва ба садама дучоршуда низ бетаваҷҷуҳ нест. Хусусан, ҳангоми ба садама дучор шудан бо истифода аз техникаҳои махсус ҳатман онро ба макони лозимӣ мерасонанд. Мушкили ягона ба одитарин қоидаи роҳ  аҳамият надодани ронандагони мошинҳои калони боркаш буд, ки бо кӯшиши пештар рафтан раҳро мебастанду тамбашавиро  ба вуҷуд меоварданд.

  Дар он рӯзҳои сербориш кормандони филиали Ширкат ончунон роҳи Душанбе – Чаноқро  поккорӣ намудаанд, ки барои истифодаи занҷир зарурат намонд. Ин аст масъулиятшиносӣ.

 Хулоса ин аст, ки барои иҷрои рисолати худ  дар сатҳи хубу сифати баланд "IRS" комилан тавонманд аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо