ДУОЯТ МУСТАҶОБ ГАРДИД, МОДАР ...
Мошини «Волга» аз гардиши навбатии дараи Варзоб ба зӯр “нафас кашида”, бо “нолиш” ба самти ағбаи Анзоб роҳ мепаймуд. Мусофирони он дар ҳар мавзӯъ суҳбат карда, бо ин васила мехостанд роҳи ноҳамворро ноаён паси сар кунанд.
Он замон аз пайваст шудани ду ҷониби нақби Истиқлол (он вақт Анзоб) ду рӯз сипарӣ шуда буд. Пас аз соате,ки мошини мо бо роҳи ноҳамвору пурбарф дар набард буд, то пояи нақб расидем ва банда яке аз устоҳои машҳури ин нақб - Соатмуродро ,ки дар сохтмони он заҳмати зиёде кашидаасту дар борааш қаблан навишта будам, суроғ кардам. Ӯ ба пешвозам баромада, гуфт:
- Ду рӯз боз мо бо он тарафи нақб пайвандем, вале иҷозати гузаштани мошинҳо нест. Зеро даруни нақб ҳоло пур аз сангу шағал...
-Як илоҷ кун, охир мо аз Душанбе хеле роҳро тай карда омадем, ноумед нашавем,- хоҳиш кардам аз номбурда.
-Ҳозир ман бо роҳбари эрониҳои сохтмончӣ суҳбат кунам.
Пас аз чанд дақиқа Соатмурод аз хонаи сохтмончиён берун шуда, гуфт:
-Танҳо ба рузноманигор иҷозати гузаштан доданд ва он ҳам бо мошини онҳо...
Ноилоҷ розӣ шудам ва дар “УАЗ”-и инженерҳои эронӣ маро дар курсии пеш шинонданд. Ин дам чашмам ба пиразани ҳамсафарамон, афтоду аз мошин фаромада, ба Соатмурод гуфтам, ки илоҷе карда ӯро, ки ба Айнӣ мерафт,тавассути нақб бо он ҷониб гузаронидан лозим. Бечораро духтараш бемори саратон будаасту дар дами марг қарор дорад. Ҳавопаймо дар ин ҳаво ба Хуҷанд намепарад. Кушодашавии ҳар ду самти нақбро шунида, бо умед ба он ҷо равон шудааст. Соатмурод ин хоҳиши моро низ рад накард.
Вақте, ки тавассути аз дараи Варзоб ба водии Зарафшон гузаштем, пиразан аз мошин поён шуда, ба болои барфи сафед дузону нишаст ва рӯ ба қибла оварду гуфт:
- Сардори давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садсолаҳо умр бинанд ва ҳамеша комёбу саодатманд монанд. Илоҳо роҳҳои мо боз ҳам ободтар шаванду зуд - зуд дидори наздиконамонро бинем!
Аз ин ҳодиса 16 сол сипарӣ гардида, роҳи зикргардида, ки нигоҳдории он ба зиммаи “IRS” аст, на танҳо дар кишвари мо, балки дар Осиёи марказӣ намунаи беҳтарин аст. Заҳмати шабонарӯзии кормандони ин ширкатро ронандагону мусофирони ин роҳ мебинанд ва эътироф мекунанд, ки дар сурати каме бетафовутӣ ба нигоҳдории он мушкилии зиёд рӯи кор меояд.
Агар дар фасли тирамоҳу зимистон кормандони “IRS” ба мунтазам тоза намудани роҳ аз барф, бартараф намудани тармаҳо ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш машғул шаванд, дар мавсими гармо таъмиру таҷдиди роҳ, рафъи пайомади бориши борон, омадани сел, лағжиши кӯҳпора, соҳилмустаҳкамкунӣ кори асосии онҳост. Дар ин масир тармафароӣ хеле зиёд ва баландиву паҳноии онҳо қабили мулоҳиза буда, барои бетаъхир бартараф намудани онҳо кормандони филиали “IRS” аз тамоми имкониятҳо самаранок менамоянд.
- Воқеан ҳам роҳи Душанбе – Чанок дар симои филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳбони боэътимод дорад. Ин корҳоро нодида гирифтан беинсофӣ аст. Дидем, ки онҳо (манзур - кормандони филиали Ширкат) хеле масъулиятшиносанд. Ҷаҳду талош мекунанд, то роҳ кушода ва дар ҳолати хуб қарор дошта бошад. Кормандон ҳамеша дар такопӯ буда, ба ронандагону мусофирон бо алфози ширин муносибат мекунанд. Аҳсан ба онҳо!, - мегӯянд ронандагону мусофирон.
Мефаҳмам, ки нигоҳдории роҳ рисолату вазифаи онҳо аст, вале эътироф бояд кард, ки на ҳар кас ба иҷрои вазифаи худ муносибати ҷиддӣ дорад. Дар 13 соли фаъолият 11 корманди ширкат дар рафти бартарафсозии оқибати ҳодисаҳои табиӣ ҳалок гардиданд ва месазад, ки баҳри гиромидошти онҳо аз ҷониби Вазорати нақлиёт тадбир андешида шавад.
...Ҳар вақт,ки аз дарвозаи аввали шоҳроҳи Душанбе –Чанок гузар мекунаму аз роҳи ҳамвору васеъ ба самти нақби Истиқлол ҳаракат мекунам, ба ёдам дуои ҳамон пиразан мерасад ва мегӯям: “дуоятон мустаҷоб шуд, модар...”
Абдумудассир АҲМАДЗОДА,
рӯзноманигор, мусофири роҳи Душанбе -Чаноқ