«IRS» дар ИДМ  “Лоиҳаи сол” эътироф шуд

 

 

Дар доираи Анҷумани V роҳдорони ИДМ ва баргузории Озмуни байналмилалии «Роҳҳои автомобилгарди ИДМ — 2022» бо истинод ба таҳлили амиқу доманадори мутахассисони варзидаи соҳаи роҳу нақлиёт ва масъулони Шӯрои байниҳукуматии роҳдорони ИДМ филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар номинаи «Лоиҳаи сол» ғолибият ба даст овард.

Ба ғайр аз ин, Директори филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирҷон Сафаров бо Сипосномаи Шӯрои ҳамоҳангсозони соҳаи роҳу нақлиёти ИДМ сарфароз гардид. Мутахассисони «IRS» низ аз ҷониби Шӯрои байниҳукуматии роҳдорони ИДМ қадрдонӣ шуданд. Дастоварди мазкур идомаи мантиқии комёбиҳои қаблӣ маҳсуб мешавад.

 Лозим ба ёдоварист, ки соли 2015  аз миёни  довталабони зиёд  вобаста ба ҷорӣ намудани навовариҳо дар раванди фаъолият ва шурӯъ намудани марҳилаи сифатан нави пешрафт «IRS» сазовори «Ситораи байналмилалии сифат» гардид. Маросими супоридани ин ҷоизаи бонуфуз  дар шаҳри Женева баргузор гардида, он  дар вазъияти тантанавӣ ба роҳбарияти филиали Ширкат супорида шуда буд.  Озмуни мазкур аз соли 1999 инҷониб доир шуда, аз шумори чорабиниҳои бошукӯҳ ва бонуфузи байналмилалӣ маҳсуб ёфта, дар он афкори намояндагони  74 мамлакати олам ба назар  гирифта мешавад. Яъне, ғолибони ин маросим зимни таҳлили амиқу доманадор бо фарогирии назари  равшанфикрони 74 давлати пешрафтаи олам муайян карда мешаванд.  

   Дар ҷаҳони муосир роҳандозии равобити барои тарафайн судманд бо созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ омили асосии дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани дилхоҳ ширкат маҳсуб ёфта, ҳамзамон замина ва шароит фароҳам меорад, ки таҷрибаи пешқадам ва технологияи нав дар раванди фаъолият ҷорӣ гарданд. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки на ба ҳама ширкатҳо имкон даст медиҳад, ки шомили ассосиатсия ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ гардида, ба ин васила аз эътирофу эътибори хоса бархӯрдор гарданд. Зеро ин раванд дар заминаи таҳлили амиқу доманадор сурат гирифта, танҳо хуб будани нишондиҳандаҳои фаъолият, мавҷудияти ҳайати кормандони болаёқат ва заминаи мустаҳками моддӣ – техникӣ ба он асос шуда метавонанд. Ассотсиатсияи байналмилалии пулҳо, нақбҳо ва роҳҳои пулакӣ (IBTTA) иттиҳодияи ҷаҳонии операторони механизми толлингӣ ва соҳаҳои марбута мебошад.

   Рисолати ниҳоди фавқ фароҳам овардани шароити мусоид барои табодули донишҳо ва ғояҳои нав дар самти пешрафту беҳтар намудани хизматрасонии пулакӣ дар соҳаи нақлиёт маҳсуб меёбад.

  Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон узви ин ташкилоти бонуфуз буда, мунтазам дар чорабиниҳои он фаъол аст. Гуфтан бамаврид аст, ки дафтари асосии IBTTA дар шаҳри Вашингтон ҷойгир буда, он дар 25 кишвари шаш қитъаи олам садҳо аъзоро аз шумори ширкатҳои бонуфузу муваффақ муттаҳид намудааст. Аъзои IBTTA аз пешсафони бахши технологияи инноватсионӣ маҳсуб ёфта, дар самти сармоягузорӣ, таҳияи модел ва пешниҳоди хизматрасонӣ дар соҳаи инфрасохтори роҳ бо ёрии технологияи муосир таҷриба, имконот ва неруи зеҳнии фаъол доранд. IBTTA ҷиҳати муттаҳид сохтани шарикон дар соҳаи идоракунии пулакии роҳҳо, ки дар шароити кунунӣ хеле муҳим ва саривақтист, имкониятҳои зиёд ва беназирро дар ихтиёр дорад.  Дастоварди дигари «IRS»  дар радифи ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ, аз қабили Dogus Holding (Туркия), ICICI банк (Ҳиндустон), Kaspersky Lab (Россия), ширкати мошинбарории TATA (Ҳиндустон), ширкати ҳавонавардии «Полёт» (Россия), ширкати истеҳсоли алюминий «Alcoa» (ИМА) ва даҳҳо ширкатҳои соҳибнуфузи сазовори ҷоизаи «World Quality Commitment» шудани филиали Ширкат аст.

Ёдовар мешавем, ки соли 2013 дар қатори ҷоизадорони World Quality Commitment дар категорияи «Тилло» Филиали ШС «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ қарор гирифт. Зимни супоридани ҷоиза ба директори филиали Ширкат таъкид гардид, ки IRS тими мутахассисони ҳирфаӣ буда, пайваста барои такмили  малака ва ишғоли  ҷойгоҳи арзанда  мунтазам талош меварзанд.

Қобили зикр аст, ки қаблан филиали Ширкат ба гирифтани ҷоизаҳои «Шарики беҳтарин дар ИДМ», «Инноватсияи сол» (2011), «Шарики беҳтарин дар Тоҷикистон» ва ғайра сазовор дониста шуда буд. Илова бар ин,  филиали  Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар ҶТ барои татбиқи муваффақонаи механизми институтсионалию инноватсионии идоракунии инфрасохтори роҳҳои автомобилгард дар кишвари дорои иқтисодиёти дар ҳоли рушд бо «Гувоҳномаи эътироф»-и Ассотсиатсияи байналмилалии пулҳо, нақбҳо ва роҳҳои автомобилгарди пулакӣ (IBTTA) қадр шудааст. Ифтихормандем, ки равобити Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД», дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ тавсеа ёфта, сазовори шаҳодатномаи «Шарики беҳтарин» гардидани он далели гуфтаи болост. Шаҳодатномаи мазкур аз тарафи Ширкати чинии HUBEI CHENGLI SPECIAL AUTIMOBILE CO LTD ҳамчун намояндаи ваколатдори Кумитаи давлатӣ оид ба рушд ва ислоҳоти Ҷумҳурии Халқии Хитой тақдим гардид.  Лозим ба ёдоварист, ки шаҳодатномаи мазкур дараҷаи 3С дошта, ҳамасола барои ширкатҳои беҳтарини дунё, ки дар самти мушорикат ба муваффақиятҳо ноил гардидаанд, супорида мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо