ВОКУНИШИ ФАВРӢ БА МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНД
Дар шумораи имрӯзаи (24.11.2022) ҳафтаномаи СССР муроҷиати телефонии корманди китобхонаи осоишгоҳи “Хоҷа Обигарм” Зайнаб Тураева нашр шудааст.
Номбурда бо ишора ба маъюб будани худаш ва шавҳараш иддао кардааст, ки “3 моҳ боз корти махсуси толлингие, барои гузаштан аз плазаҳои ширкати “IRS” дорем, кор намекунад. Барои тамдиди корт ба чанд ҷо муроҷиат кардам, вале касе аҳамият намедиҳад”.
Бо супориши Директори филиали Ширкат Нодирҷон Сафаров муроҷиати мазкур фавран мавриди баррасӣ қарор гирифт. Маълум гардид, ки дар филиали Ширкат бо номи Зайнаб Тураева умуман корт ба қайд гирифта нашудааст. Бо мақсади мушаххас намудани намудани масъала кормандони мо тавассути телефони дар ҳафтанома дарҷшуда – 934011884 бо номбурда тамос гирифтанд.
Муроҷиаткунанда эътироф кард, ки чунин корт надорад ва манзури ӯ корти аз ҷониби “IRS” ба Изаттулло Джумаев додашуда мебошад. Мутахассисони мо бо далелҳои раднопазир собит намуданд, ки воқеан ҳам, Изатулло Джумаев барои тамдид намудани муҳлати истифодаи корт ба филиали Ширкат муроҷиат намуда буд. Вале ҳангоми қабули ҳуҷҷатҳо маълум мегардад, ки аз тарафи ӯ маълумотномаи ҷойи зист нодуруст пешниҳод шудааст.
Аз ин лиҳоз масъулин тавсия медиҳанд, ки камбудии зикршударо ислоҳ кунад. 29 октябри соли равон номбурда он маълумотномаро баъд аз ислоҳ пешниҳод мекунад. Дар муддати бениҳоят кӯтоҳ кормандони мо дар ин бобат шартнома тартиб дода, ду ҳафта инҷониб интизоранд, ки шаҳрванд Джумаев Изатулло онро имзо кунад.
Таъкид менамоем, ки ягон муроҷиат аз мадди назари роҳбарияти “IRS” дур намемонад, вале ин омил ба ҳеҷ ваҷҳ маънои онро надорад, ки шаҳрвандон ҳангоми муроҷиат моҳияти масъаларо таҳриф намоянд.
Қобили зикр аст, ки бо мақсади муайян сохтани талаботи истифодабарандагони роҳ аз ҷониби филиали Ширкат дар ҳар хати ҳаракати назди плазаҳои толлингӣ сандуқҳо барои арзу пешниҳод гузошта шудаанд. Ба шарофати ин иқдом ҳар як истифодабарандаи роҳ метавонад пешниҳоду эродҳои худро ба таври хаттӣ дар сандуқи яке аз плазаҳои толлингии филиали Ширкат гузорад.
Муҳимтар аз ҳама, саҳифаи филиали Ширкат дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” хеле таваҷҷуҳбарангез буда, ҳамарӯза ҳазорҳо нафар ба он мароқ зоҳир менамоянд. Қобили зикр аст, ки аз ронандагону мусофирон тавассути саҳифаи мазкур вобаста ба вазъи роҳи Душанбе - Чаноқ мунтазам дархост, пешниҳод ва эрод ирсол шуда, аз ҷониби масъулин дар робита ба онҳо бетаъхир тадбирандешӣ мешавад.
Илова бар ин, хати доимоамалкунандаи филиали Ширкат - 487011020 низ фаъол буда, дилхоҳ мусофиру ронанда метавонад шабонарӯзӣ занг зада, дархост ва эроди худро пешниҳод намояд.
Хулоса, қаноатмандии шаҳрвандон мароми роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат маҳсуб шуда, дар ин самт тамоми имкониятҳо самаранок истифода шуда истодаанд.