Ҳамватанони азиз!
Шуморо бо фарорасии Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик гуфта, бароятон сиҳатии осебнопазир ва саодати бардавоми рӯзгорро орзумандам. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти давлатӣ, таҷассумгари асосҳои давлат ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
Далелҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки мо дар парчамдорӣ низ таърихи куҳан дорем ва ин далели маърифати баланд аст. Нақши нахустпарчами мо - «Дирафши коваёнӣ»-ро баҳри ноил гардидан ба ғолибият Фирдавсӣ хеле барҷаста тасвир кардааст.
Тибқи Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, Парчами давлатӣ дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳҳои расмӣ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои ҷумҳурӣ ва мақомоти прокуратура, Бонки миллии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти дигари идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон насб карда мешавад. Парчами давлатӣ, инчунин дар нақлиёти хизматии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир, роҳбарони ҳайати давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҷумҳурӣ ва шахсони дигар тибқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад.
Ҳафт ситора дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора ба ҳафт иқлими ҷаҳон, ҳафт бародарон, ҳафт табақаи осмон, ранги сурх рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед рамзи бахту иқболи сафед, нияти неки халқ ва ранги сабз рамзи саъю кӯшиш ва заҳмати халқ баҳри сарсабзиву хуррамии кишвар аст.
Моҳиятан ин рӯз собитгари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муқаддасоти миллат, аз ҷумла Парчами давлатист. Парчаме, ки ҳастӣ ва ифтихори миллии моро ифода мекунад. Парчаме, ки шаҳодати истиқлолият, таҷассумгари ғурури миллӣ ва ватандории мост.
Хулоса, эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол рисолати инсонӣ ва қарзи шаҳрвандии мо маҳсуб шуда, боварии комил дорам дар ин ҷода собитқадам хоҳем монд.
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак!
Бо арзи эҳтиром,
Нодирҷон Сафаров – Директори филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон