“IRS” МАСЪУЛИЯТШИНОС АСТ, АММО ...
Мантиқан бо пардохти маблағи муайян истифода шудани роҳи Душанбе – Чаноқ ба хотири сарфа намудани маблағҳои Буҷети давлат ва минбаъд равона намудани он ба самтҳои дигар, аз ҷумла пардохти қарз, амалӣ шудааст. Ба ибораи дигар, дар заминаи шарикии Давлат ва бахши хусусӣ ин вазифа (нигоҳдории роҳ) ба зиммаи филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид.
Шоистаи зикр аст, ки фаъолияти асосии ширкат на дар плазаҳои толлингӣ (ҳамон тавре, ки баъзе “дӯстон” мепиндоранд), балки дар масири роҳи мошингард ба роҳ монда шудааст. Ҳамарӯза садҳо мутахассиси соҳибтаҷриба бо кумаки техникаи махсусгардонида ба тозакунии роҳ аз барф, коркарди он бо маводи зиддилағжиш, бартарафсозии тармаҳо, таъмири куллӣ ва ҷорӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, нигоҳдории 36 пул ва ғайра машғул буда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ҳаракати муназзаму бехатари нақлиёт таъмин бошад.
Як идда иддао доранд, ки “чун роҳи Душанбе – Чаноқ пулакӣ аст, бояд 24 соат кушода бошад”. Фикре, ки ба он наметавон розӣ шуд. Бо назардошти андешаи мазкур, солҳои қаблӣ роҳбарияти филиали Ширкат кӯшиш ба харҷ медод, ки ҳатто дар рӯзҳои бениҳоят номусоид будани вазъи ҳаво, ҳарчанд ҳаёти ронандагону мусофирон зери хатар қарор дошт, ҳаракати нақлият қатъ нагардад. Табиист, ки барои кушода будани роҳ кормандони “IRS” ба маънои томаш ҷонфидоӣ мекунанд ва ба ҳалокат расидани 11 корманди филиали Ширкат ҳангоми иҷрои рисолат шаҳодати ин гуфта аст.
Таҷриба нишон дод, ки ҳарчанд ронандагон бо сарфи назар кардани тавсияи кормандони мо дар мавриди мавҷудияти хавф роҳро убур карданд, вале дар сурати рух додани ҳодисаи нохуш, аз ҷумла зери тарма мондан борони таҳқиру маломат ба сари кормандони “IRS” мерезад. Яъне, бетафовутиву худхоҳии баъзе ронандагон, ки муҷиби асосии ҳодисаи нохуш аст, умуман ёдоварӣ нашуда, аксарият нигаронӣ мекунанд, ки вақте хавф мавҷуд аст, чаро роҳро набастед?
Бинобар ин, се соли охир роҳбарияти филиали Ширкат тасмим гирифт, ки дар ҳолати ба вуҷуд омадани хавф, аз қабили тармафароӣ роҳро муваққатан мебанданд.
Таъкид менамоем, ки ин иқдом ба хотири таъмини бехатари ронандагону мусофирон аст, зеро “IRS”, бо назардошти манфиатовар будан ба ҳеҷ ваҷҳ ҳавасманди қатъ шудани ҳаракати автомобилҳо аз тариқи роҳи мавриди назар нест.
Бо итминон метавон гуфт, ки “IRS” масъулиятшинос аст, аммо бетафовутиву худхоҳии баъзе ронандагон то андозае ба фаъолияти он монеа эҷод мекунанд. Далел меорем: Аксар маврид бинобар риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла ба самти муқобили ҳаракат баромадан, беэҳтиромӣ ба дигар дигар иштирокчиёни ҳаракат, бо воситаи нақлиёти ҳаракаташ дар ин мавсим қобили қабул набуда ба роҳ баромадан, таваҷҷуҳ зоҳир накардан ба тавсия ва таъкиди кормандони БДА ВКД ҶТ ва кормандони “IRS” боиси ба вуҷуд омадани тамбашавии автомобилҳо мегардад.
Хоса ба самти муқобили ҳаракат баромадани автомбилҳо бениҳоят зиёд ва омили асосии эҷод гардидани монеа ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт мебошад. Табиист, ки дар чунин ҳолат сафарбар намудани техникаҳои филиали Ширкат ба макони зарурӣ имконнопазир аст. Боиси нигаронӣ аст, ки баъзе шаҳрвандони аз асли масъала ноогоҳ “IRS”-ро гунаҳкор мекунанд, ки вазифаашро иҷро намекунад. Ҳол он ки чунин нест.
Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки дар сурати пуршиддат будани бориши барф бо мақсади эҷод накардани монеа ба ҳаракати дигар автомобилҳо, хоса нақлиёти сабукрав гузариши “Фура” ва автомобилҳои боркаши ядакдор маҳдуд карда мешавад.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки соли 2012 551128 метри мураббаъ тарма бартараф шуда, ин нишондиҳанда соли 2013 - 216444, 2015 - 190564, 2016 - 126204, 2017 - 779730, 2018 – 103606, 2019 - 274030, 2020 - 241374 ва соли гузашта 85042 метри мураббаъ мебошад. Бартарафсозии тармаҳо, дар маҷмӯъ, ба 2816546 метри мураббаъ баробар аст.
Коркарди роҳ бо маводи зиддилағжиш мунтазам, аксар маврид шабона низ бояд амалӣ шавад. Бинобар ин, хароҷоти ин мавод низ сол то сол афзуда, дар ин муддат маводи зиддилағжиши харҷшуда зиёда аз 103466 метри кубиро ташкил медиҳад. Таъкид мекунем, ки «IRS» барои иҷрои вазифаи дар асоси шартномаи конссесионӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммааш вогузорбуда пурра тавонманд аст. Месазад, ки аз пойгоҳи пурқуввати техникӣ ёдовар шавем, ки шумораи техникаву механизмҳои он ба 224 адад расидааст. Кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дида, дар ин раванд ҳолати техникаву механизм ва захираи маводи зиддилаѓжишу сӯзишворӣ авлавият аст. Илова бар ин, кормандон бо сару либоси зимистона таъмин шуда, барои фаъолияти муназзами онҳо дар макони мустақаршуда дар ҳаҷми зарурӣ ангишт ва ҳезум дастрас шудааст. Барои тақвияти суханон далел меорем: Дар намояндагии Варзоб 3700 тонна маводи зиддилағжиш, 315 тонна намак, 91420 литр сӯзишвории дизелӣ, 40 тонна ангишт, 10 метри кубӣ ҳезум, 4100 литр равғани молиданӣ, 2500 литр антифриз, 154 автошина, 38 аккумулятор, захира шуда, 44 техникаву механизми барои ин мавсим пешбинишуда дар ҳолати омодабош қарор доранд.
Дар намояндагии Зарафшон низ омодагӣ ба мавсими сармо ҷиддӣ буда, захира шудани 5307 тона маводи зиддилағжиш , 350 тонна намак, 43100 литр сӯзишвории дизелӣ, 1500 литр равғани молиданӣ, 1100 литр антифриз, 26 аккумулятор 100 автошина 20 тонна ангишт, 15 метри кубӣ ҳезум, 132 ҷуфт либоси зимистона шаҳодати ин гуфта аст. Дар ин минтақа 31 техникаи махсусгардонидашуда ба мавсими тирамоҳу зимистон омода мебошанд.
Чунин тарзи муносибат дар намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Суғд низ роиҷ буда, 3200 тонна маводи зиддилағжиш, 347 тонна намак, 85720 литр сӯзишвории дизелӣ, 1075 литр равғани молиданӣ, 905 литр антифриз, 165 автошина, 33 аккумулятор 298 ҷуфт либоси зимистона, 24 тонна ангишт, 20 метри мураббаъ ҳезум захира шудааст. 43 адад техникаву механизми марбут ба намояндагии зикршуда ба мавсими зикршуда пурра омодаанд.
Илова бар ин, дар масири роҳ 12 хонаи устои роҳ ташкил шудааст, ки дар онҳо барои кормандони филиали Ширкат тамоми шароит фароҳам аст. Муҳим он аст, ки дар хонаҳои устои роҳ имкони муваққатан ҷойгир намудани ронандагоне, ки воситаи нақлиёташон нуқси техникӣ пайдо кардааст ва шаҳрвандон, дар навбати аввал занон ва кӯдакони хурдсол ҳангоми тул кашидани бартарафсозии тармаҳо мавҷуд мебошад. Хонаҳои зикршуда дар минтақаи Варзоб – километрҳои 33, 51, 62, 73, минтақаи Зарафшон километрҳои 81,103, 131, 160, минтақаи Суғд – километрҳои 181, 237, 289 ва 322 ҷойгир мебошанд.