"IRS" АЗ ДОИРАИ УҲДАДОРИҲОЯШ БЕРУН РАФТ

 

 

Саҳмгузорӣ дар ободонии шаҳру навоҳие,  ки роҳи Душанбе  - Чаноқ аз онҳо мегузарад, барои филиали Ширкати саҳомии "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД"  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи нав нест.

  Ҳарчанд ба уҳдадориҳои "IRS" ворид нест, вале кормандон ва техникаҳои пуриқтидору махсусгардонидашудаи он  мунтазам дар рафъи пайомадҳои офатҳои табиӣ, бунёди иншооти гуногун ва таъмири роҳҳои маҳаллӣ мусоидат менамоянд.

  Ин иқдом дар заминаи равобити судманд бо мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳру ноҳияҳои масири роҳи Душанбе  - Чаноқ амалӣ гардида, натиҷаҳои дилхоҳ ба бор овардааст.

Дар идомаи ин раванд, дирӯз аз ҷониби филиали Ширкат бо харҷи 496,4 тонна асафалти хушсифат 3958 метри квадратӣ роҳи самти Айнӣ  - Кӯҳистони Мастчоҳ таъмири куллӣ гардид.

  Шарҳ бояд дод,  ки дар заминаи  таъмири куллӣ асфалти осебдидаи роҳ пурра бартараф шуда, бо риояи муқаррароти бахши роҳсозӣ асфалти нав хобонида шуд.

   Лозим ба ёдоварист,  ки нигаҳдории ин қитъаи роҳ ба зиммаи "IRS" вогузор набуда,   амалӣ шудани ин ибтикор шаҳодати бетафовут набудани роҳбарияти он ба мушкилоти сокинони маҳаллӣ аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо