МАҲДУДИЯТИ МАВСИМӢ БА АНҶОМ РАСИД
Иттилоъ медиҳем, ки имрӯз маҳдудияти мавсимии ҷоришуда ба анҷом расид.Лозим ба ёдоварист, ки маҳдудияти зикршуда аз 1-уми майи соли равон то 31 августи ҳамин сол, аз соати 10 : 00 то 20 : 00 дар роҳи Душанбе – Чанок маҳдудияти шуда буд.
Реҷаи мавриди назар, ки ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошт, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шуда, ҷиҳати иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷорӣ намудани маҳдудияти мавсимии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои истифодаи умум» амалӣ гардид.