ҚАҲРАМОНҲОИ ГУМНОМ

 

 

Ҳафтаи гузашта шаҳри Хуҷанд рафтем. Аз он ҷо ба шаҳраки Консой даъват шудем. Миёни Консой ва Хуҷанд 27 км аст. Воситаи рафтуои сокинон Спринтер буда, як-як мошинҳои сабукравро ҳам дучор омадан мумкин аст. Мо пас аз хӯроки нисфирӯзӣ сабукраверо пайдо карда, ба самти Консой рафтем. Бо тай кардани 17 км аз пешамон плазаи толлингӣ (тарозу) баромад. Чун ман дар курсии пеш нишаста будам, дидам, ки дар оинаи плазаи толлингӣ 6 сомонӣ қайд шудааст, вале аз корти ронандаи мо 3 сомонӣ гирифта шуд.

- Ба ман ҳайрон-ҳайрон нигоҳ накунед, меҳмон. Мо ва сокинони Истиқлол дар ин тарозуи худамон имтиёз дорем, яъне 50 фоизи пули муқарраргардидаро пардохт мекунем, - ба нигоҳи саволомези ман гуфт ронанда.

- Ҳолати нигоҳдории ширкат ба пули пардохтмекардаатон арзанда аст, - пас аз ҷавоби ногаҳонии ронанда пурсидам.

- Бале, ҳам таъмири роҳ ва ҳам ҳолати нигоҳдорияш хуб аст, ҳоло камтари дигар равем, ҳолати роҳи бепулро мебинед.

- Мо дар ин тарафҳо меҳмонем ва он қадар хуб масъалаи тарозуро сарфаҳм намеравем, дар умум чӣ гуна аст хизматрасонии "IRS"?, - вақти дидани роҳҳои ноҳамвор ва шунидани тақ-туқ бархурдани мошин пурсидам.

- Бародар, ман то чанде пеш аз Хуҷанд ба самти Душанбе ҳам мусофиркашонӣ мекардам. Бовар кунед, агар хато накунам 12-13 сол мешавад, ки таъмиру нигаҳдории роҳи Душанбе – Чанок бар зиммаи "IRS" аст ва бо гузашти ҳамин солҳо метавонам бигӯям, ки фаъолияти ин ширкат дар кишвар манфиатовар ва мушкилкушост. Маҳз бо шарофати фаъолияти хубу саривақтии заҳматкашони ин ширкат роҳи Душанбе – Хуҷанд дар чор фасли сол ҳолати хуб дошта, рафтуомади мунтазаму бемонеа ва бехатари ронандагону мусофирон таъмин аст. Худо аз солҳои пеш нигоҳ дорад, ки даҳшат буд.

- Барои ронандагон пули тарозуҳо гарон нест ?, - такроран пурсидам аз ронанда, ки нав гапашро тамом карда, мехост нос кашад.

- То ҷое ман медонам зиёда аз 90 фоизи автомобилҳои аз тарозу мегузашта ба категорияи якум, яъне мошинҳои сабукрав рост меояд. Ва ин дар ҳолест, ки барои чунин намуди мошинҳо нархҳои пасттарин муқаррар шудааст,- суханашро давом дод ҳамсуҳбатам.

Дар идомаи муҳовара ронанда боз чанде дар бораи фаъолияти филиали Ширкати саҳомии "Инновейтив Роуд Солушн ЛТД" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ман маълумот дод. Аз ҷумла гуфт, ки дар тарифҳои нави ширкати "IRS" ба пардохти ғайринақдӣ бартарӣ дода шудааст. Ба гуфти ӯ, ин иқдом ду ҷиҳати хубӣ доштааст: кам шудани хароҷоти ронандагон ва пайдо нашудани ҳар гуна нофаҳмиҳо миёни ронандагону масъулони тарозуҳо.

Мо ба ҷойи даркорӣ расидем. Албатта, суханҳое, ки ронанда гуфт, то андозае фикри маро нисбат ба кори ин ширкат дигар кард.

Дарвоқеъ, тибқи иттилои мавҷуда, соли 2009, яъне 13 сол пеш бо назардошти нақши боризи роҳи Душанбе – Чанок ва бо мақсади дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он, нигоҳдории роҳи мазкур ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии "Инновейтив Роуд Солушн ЛТД" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шуд.

Ҳамчунин, бояд гуфт, ки интихоби ин ширкат барои нигоҳдории роҳи зикршуда тибқи муқаррароти қонунгузории мамлакат ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, шартномаи зикршударо мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонидааст. Вобаста ба мавҷудияти роҳи алтернативӣ бояд гуфт, ки дар баландии зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр эъмор намудани роҳи ба истилоҳ "алтернативӣ " мантиқан ва моҳиятан зери суол аст. Дар он сурат барои мавҷудияти роҳи пулакӣ чӣ зарурат мемонад?

Сониян, бунёди роҳи алтернативӣ, хоса масири Душанбе - Чанок, ки аз минтақаи релефаш душвори кӯҳистон мегузарад, кори саҳлу сода нест. Муҳимтар аз ҳама, нигоҳдории роҳи "алтернативӣ" низ хароҷоти бениҳоят зиёд дошта, сарбории масрафи маблағҳои буҷавиро зиёдтар менамояд. Мантиқан пулакӣ шудани роҳ низ ба хотири сарфа намудани маблағҳои Буҷети давлат ва минбаъд равона намудани он ба самтҳои дигар, аз ҷумла, пардохти қарз, амалӣ шудааст. Ба ибораи дигар, дар заминаи шарикии Давлат ва бахши хусусӣ ин вазифа (нигоҳдории роҳ) ба зиммаи дувумӣ вогузор гардид.

Дар масире, ки роҳи Душанбе - Чанок ҷойгир аст ягон корхонаи истеҳсоли асфалт ва дигар масолеҳи сохтмонии барои бахши роҳсозӣ зарур вуҷуд надошт. Тӯли 13 соли фаъолияти ширкати мазкур дар маҷмӯъ 10 корхона мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар ин маврид, бояд гуфт, ки "IRS" тӯли фаъолияти худ зиёда аз 2 миллион метри квадратии роҳи Душанбе -Чанокро таъмиру азнавсозӣ намуда, бо ин мақсад зиёда аз 230595 тонна асфалт сарф кард.

Маврид ба зикр аст, ки дар роҳи Душанбе - Чанок ҳодисаҳои ғайричашмдошти табиӣ хеле зиёд рух дода, роҳ мунтазам зери хавфи офатҳои табиӣ қарор дорад. Барои мисол,  фаслҳои баҳору тобистон баландшавии сатҳи оби дарёҳо зиёд шуда, баъзе қисматҳои роҳ осеби ҷиддӣ мебинанд. Аз ин лиҳоз, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар муддати 13 сол хеле зиёд амалӣ гардида, дар умум нишондиҳандаи марбут ба соҳилмустаҳкамкунӣ 50000 метри мураббаъ аст.

Ҷойи таъкид аст, ки соли 2009, рӯзҳои аввали фаъолияти ширкат он ҳамагӣ 24 нафар коргар дошт, вале ҳоло бошад, шумораи онҳо ба 872 нафар расидааст ва дар умум зиёда аз 50000 нафар ба шарофати фаъолияти филиали ширкат манбаи даромад доранд.

Дар интиҳо гуфтанием, ки мутаассифона дар давоми 13 соли фаъолият 11 нафар кормандони филиали Ширкати саҳомии "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаи хеш (бартарафсозии тармаҳо) ҳалок шуданд. Мутаассифона, аз ҷониби Вазорати нақлиёт дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои дахлдор  барои гиромидошти хотираи онҳо – сарфароз намудан бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ ягон тадбир андешида нашудааст. Бо назардошти фаъолияти пурсамари ширкати мазкур, месазад, ки ин шахсон баъд аз марг ҳам бошад, қадршиносӣ шаванд, зеро аз ҷонфидоиҳои онҳо номи нек боқӣ мондаву онро абадӣ намудан вазифаи ҷонӣ ва рисолати инсонии масъулини соҳа аст.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ,

журналист

 

 

Today Opera OPRDesktop 28.0 core 1750.0, May 25, 2022. Active patches: 21

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо