ҚАНОАТМАНДИИ ШАҲРВАНДОН МАРОМИ МОСТ
Вақтҳои охир теъдоди шахсоне, ки баъд аз сафар тариқи роҳи Душанбе – Чанок арзи сипоси хешро ба роҳбарият ва кормандони филиали ширкат барои масъулиятшиносӣ мерасонанд, тамоюли афзоишро касб намудааст. Зеро онҳо шоҳиди ҳол мешаванд, ки тадбирандешиҳо дар роҳи мазкур хеле зиёд буда, филиали ширкат рисолати хешро дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба ҷо оварда истодааст.
Қаноатмандии шаҳрвандон асосан ба суръати баланди таъмиру таҷдиди роҳ, бунёди деворҳои ҳимоявӣ, бетаъхир бартараф гардидани тармаҳо, мунтазам коркард шудани роҳ бо маводи зиддилағжиш, азнавсозии пулҳо ва ғайра рабт дорад. Дар баробари омилҳои зикршуда, мардум аз зебову назаррабо будани роҳ, ки ба шарофати хатҳои уфуқӣ имконпазир гардидааст, изҳори қаноатмандӣ мекунанд.
Хизматрасонии босифат яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ширкати мо ба шумор меравад. Азбаски механизми толлингии идоракунии роҳҳо барои минтақа иқдоми нисбатан нав аст, мо баъзан бо фаҳмиши нодуруст, арзу шикоят ва изҳороти дурушт дар мавриди фаъолияти ширкат рӯ ба рӯ мешудем.
Бо мақсади муайян сохтани талаботи истифодабарандагони роҳ аз ҷониби филиали Ширкат дар ҳар хати ҳаракати назди плазаҳои толлингӣ сандуқҳо барои арзу пешниҳодҳо гузошта шудаанд. Ҳамин тариқ, ҳар як истифодабарандаи роҳ метавонад пешниҳоду эродҳои худро ба таври хаттӣ баён намуда, дар сандуқи яке аз плазаҳои толлингии филиали Ширкат гузорад.
Муҳимтар аз ҳама, саҳифаи филиали Ширкат дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” хеле таваҷҷуҳбарангез буда, ҳамарӯза ҳазорҳо нафар ба он мароқ зоҳир менамоянд. Қобили зикр аст, ки аз ронандагону мусофирон тавассути саҳифаи мазкур вобаста ба вазъи роҳи Душанбе – Чаноқ мунтазам дархост, пешниҳод ва эрод ирсол шуда, аз ҷониби масъулин дар робита ба онҳо бетаъхир тадбирандешӣ мешавад.
Илова бар ин, хати доимоамалкунандаи филиали Ширкат - 487011020 низ фаъол буда, дилхоҳ мусофиру ронанда метавонад шабонарӯзӣ занг зада, дархост ва эроди худро пешниҳод намояд.
Хулоса, қаноатмандии шаҳрвандон марми роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат маҳсуб шуда, дар ин самт аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода мешавад.