ОҒОЗИ МАВСИМИ НАВИ ТАЪМИР. «IRS» ЧӢ ТАСМИМ ДОРАД?

 

 

Шояд баъзеҳо надонанд, ки аз аввали фаъолият «IRS», ки баъзе «дӯстон» рисолати филиали онро танҳо «пулчинӣ» медонанд, таъмири куллӣ ва ҷории роҳро шурӯъ карда, дар муддати 13 сол «IRS» зиёда аз 2 миллион метри квадратии роҳи Душанбе – Чаноқро таъмиру азнавсозӣ намуда, бо ин мақсад зиёда 230595 тонна асфалт сарф кардааст.

  Мумкин огоҳ нестанд, ки бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофии ҷойгиршавӣ роҳи Душанбе — Чаноқ нигоҳубини 24 соатро тақозо дошта, дар сурати каме бетафовутӣ ба нигоҳдории он мушкилии зиёд рӯи кор меояд. Агар дар фасли тирамоҳу зимистон кормандони «IRS» ба бартараф намудани тармаҳо, мунтазам тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш машғул шаванд, дар мавсими гармо таъмиру таҷдиди роҳ, рафъи пайомади бориши борон, омадани сел, лағжиши кӯҳпора, соҳилмустаҳкамкунӣ самти асосии фаъолият аст.

   Шаҳрвандон донанд хуб аст, ки тӯли 13 сол нигоҳдорӣ ва азнавсозии 36 кӯпруки ин масир бо хароҷоти ниҳоят зиёд амалӣ шуд. Масалан, 3 пули калон, ки дарозиии ҳар кадомаш аз 42 то 73 метр аст, пурра азнавсозӣ шудаанд.

 Ёдовар шудан бамаврид аст, ки ҳангоми таҷдиди роҳи Душанбе — Чаноқ аз рӯи лоиҳа деворҳои ҳимоявӣ (парпетҳо) вуҷуд надоштанд ва аз ин лиҳоз сохта нашуд. «IRS» бо ташаббуси худ, баҳри таъмини бехатарии шаҳрвандон дар масофаи 15000 метри тӯлонӣ чунин деворҳоро бунёд кард, ки то ин вақт чандин ҳамватанонамонро аз марг наҷот додааст.

   Қобили  зикр мебошад, ки қаблан дар масире, ки роҳи Душанбе – Чаноқ ягон корхонаи истеҳсоли асфалт ва дигар масолеҳи сохтмонии барои бахши роҳсозӣ зарур вуҷуд ­надошт. Тӯли 13 сол дар минтақаи Варзоб 3 завод, Зарафшон - 3, Суғд - 4 , дар маҷмӯъ, 10 корхона мавриди истифода қарор гирифтанд.

  Бо мақсади таъмини фаъолияти муназзами заводҳои мазкур харидории битум ва бо тавсеа ёфтани таъмиру азнавсозии роҳ, бартарафсозии тармаҳо, соҳилмустаҳкунӣ ва ғайра харидории сӯзишворӣ хеле афзуда, ҳар сол ҳаҷми зиёди ин мавод дастрас мешавад.

   Месазад ёдрас шавем, ки афзудани офатҳои табиӣ хароҷотро низ зиёд намуд. Соли 2012 551128 метри мураббаъ тарма бартараф шуда, ин нишондиҳанда соли 2013 - 216444, 2015 - 190564, 2016 - 126204, 2017 - 779730, 2018 - 103606, 2019 - 274030, 2020 - 241374 ва соли равон 85042 метри мураббаъ мебошад. Бартарафсозии тармаҳо, дар маҷмӯъ, ба 2816546 метри мураббаъ баробар аст.

Бо дарназардошти дар минтақаи аз лиҳози ҷуғрофӣ душвори кӯҳистон ҷойгир будани роҳи Душанбе — Чаноқ, коркарди он бо маводи зиддилағжиш мунтазам, аксар маврид шабона низ бояд амалӣ шавад. Бинобар ин, хароҷоти ин мавод низ сол то сол афзуда, дар ин муддат маводи зиддилағжиши харҷшуда 96466 метри кубиро ташкил медиҳад.

  Кишваре, ки дар назди худ ҳадафи пешрафту тараққиётро гузоштааст, бе сохтмону азнавсозӣ кардан ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани шабакаҳои дохилии коммуникатсионӣ рушди муназзаму устувори худро таъмин карда наметавонад.

   Бозсозии роҳи Душанбе - Чанок, ки аз лиҳози стратегӣ моҳияти хосаро доро буда, пайвандгари ҷанубу шимоли мамлакат маҳсуб меёбад, аз ҷумлаи ибтикороти зикршуда аст. Табиист, ки роҳҳои ба тозагӣ бунёдгардида нигоҳубини мунтазамро бо истифода аз техникаву механизмҳои замонавӣ тақозо менамоянд. 

   Бо дарназардошти  ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳдории роҳи Душанбе – Чанокро дар асоси шартномаи консесионӣ ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор намуд. Иҷрои рисолати тибқи шартномаи консессионӣ ба зиммаашон вогузорбуда зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарияти филиали Ширкат қарор дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кӯчактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад.

  Ашхоси огоҳ хуб медонанд,  ки таъмири роҳ махсусиятҳои худро дорад, ки дар мавсими муайян амалӣ намудани ин кор яке онҳост.Дар роҳи Душанбе  - Чаноқ бо фарорасии мавсими гармо ин раванд шурӯъ гардида, дар ин замина садҳо километр роҳ таъмири ҷорӣ ва куллӣ мешавад. 

  Имсол низ чун  солҳои қаблӣ муносибати масъулини филиали Ширкати саҳомии "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро шудани ин кор ҷиддӣ буда,  корхонаҳои истеҳсоли асфалт ва техникаҳои барои таъмир  махсусгардонидашуда  баъд аз таъмиру навсозӣ, пурра омодаанд.

Чанде пеш мавсими  нави таъмиру таҷдиди роҳи Душанбе  - Чаноқ оғоз гардида, дар назар аст, ки соли равон барои ин кор  зиёда аз 40 ҳазор тонна асфалт харҷ мешавад.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо