ТОЗА СОЗАД САНГУ ХОКУ БАРФИ РӮИ РОҲРО

Вақтҳои охир теъдоди шахсоне, ки баъди сафар аз тариқи роҳи Душанбе – Чанок арзи сипоси хешро ба роҳбарият ва кормандони филиали ширкат барои масъулиятшиносӣ мерасонанд, тамоюли афзоишро касб намудааст.

Зеро онҳо шоҳиди ҳол мешаванд, ки тадбирандешиҳо дар роҳи мазкур хеле зиёд буда, филиали ширкат рисолати хешро дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба ҷо оварда истодааст.

Шеъри мазкур , ки ба қалами журналист ва шоири соҳибном Осими Оқил тааллуқ дорад, таассуроту бардошти номбурдаро пас аз сафар тавассути роҳи Душанбе – Чаноқ бозгӯйӣ кардааст:

ТОЗА СОЗАД САНГУ ХОКУ БАРФИ РӮИ РОҲРО

Хайрхоҳи хубтаре чун ширкати раҳсоз нест,

Рӯзи сармо заҳмате чун хизмати раҳсоз нест.

Шермардони варо парвои гарму сард не,

Бехабар аз роҳбонӣ одати раҳсоз нест.

Тоза созад сангу хоку барфи рӯи роҳро,

Ин раҳи покиза ҳам безаҳмати раҳсоз нест.

То мусофире зи роҳи ағба озораш набод,

Ҷон ба каф дар кор, аммо миннати раҳсоз нест.

Дар баҳорон селу ярчу рӯзи сармо барфро,

Рӯи роҳе гар бубинад роҳати раҳсоз нест.

Офарин бар пешаи пурифтихорат, роҳсоз,

Ҳар замоне ҳарфи мо бераҳмати раҳсоз нест.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо