ҚАВЛУ  АМАЛИ  МАСЪУЛИНИ  “IRS”

 

 

Вақте дар мавриди ҳолати  пули азим воқеъ дар километри 267 - уми роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ  дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳо баланд шуд, роҳбарияти  филиали Ширкати саҳомии “Иннвоейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қатъият иброз доштанд, ки онро дар сатҳи хубу сифати баланд азнавсозӣ мекунем! 

  Воқеияту самимияти ин  изҳорот, бо дарназардошти  мақоми меҳварӣ доштани таъмиру таҷдии роҳ дар фаъолияти филиали «IRS», бетаъхир тадбирандешӣ намудан вобаста ба офатҳои табиӣ ва  эъмори инфрасохтори роҳ ба ҳеҷ ваҷҳ зери суол буда наметавонад.

   Қобили зикр аст, нигоҳдории 38 купрук низ ба зиммаи филиали Ширкат вогузор буда, масъулин барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани онҳо азми қавӣ доранд. Барои мисол, солҳои қаблӣ аз ҷониби  “IRS” ду пули азими масири Душанбе – Чаноқ дар ҳудуди  ноҳияи Айнӣ пурра ва бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ азнавсозӣ шудааст.

    Иттилоъ медиҳем, ки азнавсозии купруки азим дар километри 267 - уми роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ босуръат идома дошта, дирӯз васлу насби поя ва пайвандҳои он, ки дар майдончаи сохтмонии назди иншоот қолабрезӣ шуданд, ба итмом расид.

   Лозим ба ёдоварист, ки пули  мавриди назар, ки 73 метр дарозӣ дорад,  соли 1962 сохта шудааст, поя ва сутунҳои марказии он аз сабаби рафтуомади воситаҳои нақлиёт тайи солҳои мавриди истифода будани он корношоям гаштааст.

   Тавре қаблан иттилоъ дода будем, нуҳуми  марти соли 2021, баъд аз таҳқиқи комиссияи дахлдори таъсисёфта ба намояндагӣ аз Вазорати нақлиёт, Бозрасиии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва мутахассисони филиали ширкат дар Тоҷикистон тасмими ниҳоӣ гирифта шуда буд, ки онро таъмир кунанд.

  12 сентябри соли гузашта корҳо дар ин иншоот  шурӯъ шуда, дар марҳилаи аввал, тибқи  тавофуқот демонтаж ё ҷудосозии қитъаоти купрӯки мазкур аз сӯи ширкати ватании “Роҳи ваҳдат”  амалӣ гардид. Бо дарназардошти нуфузи байналмилалӣ ва таҷрибаи ғании фаъолият лоиҳакашиву азнавсозии пул ба зиммаи  ширкати муътабари “Чайна Роуд” вогузор шуда,  дар сатҳи хубу сифати баланд пеш рафта истодааст.

   Алъон корҳо босуръат идома дошта, чанде пеш  насби пояҳои пул, ки қолабрезӣ шудаанд,  шурӯъ  гашт. Ба сохтмони мазкур 45  мутахассиси ширкати “Чайна Роуд”  ҷалб ва 15 техникаву механизми пуриқтидор  сафарбар шудаанд. Тибқи лоиҳа, баъди азнавсозӣ паҳноии пули мазкур ба 10 метру 20 сантиметр ( бо дарназардошти пайроҳаи пиёдагард)  хоҳад расид.

   Дар ин ин раванд масолеҳи босифати сохтмонӣ  сарф шуда, умуру сифати  кор зери назорати роҳбарияти филиали Ширкат қарор дорад. Ҳоло  85 фоизи корҳои сохтмонӣ ба сомон расида, масъулин ҷаҳду талош доранд, то  зудтар  ин пулро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо