"IRS" ҚАЛБҲОРО БА ҲАМ НАЗДИК КАРД

 

 

Гузаштагони мо мақому моҳияти бузурги созандагиву пайвандгарии роҳҳоро ба назар гирифта, дар тамоми давру замон барои бунёди роҳу пулҳо ва нақбҳо саъйу талош варзидаанд, ки «Ҷодаи бузурги Абрешим» намунаи барҷастаи чунин офаридгориҳост. Воқеан роҳҳо на танҳо масофа, балки қалбҳоро ба ҳам наздик месозанд. Ба бахти мо, тоҷикон, бо талошҳои пайвастаи Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар даврони соҳибистиқлолӣ раванди созандагиву бунёдкориҳо дар сартосари кишвар вусъати тоза касб карданд.

Аз бунбасти коммуникатсионӣ берун овардани кишвар ва табдил додани он ба минтақаи транзитӣ бо тамоми инфрасохторҳои нақлиётии мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ яке аз ҳадафҳои умдаи стратегии сиёсати иқтисодии давлат дар ояндаи наздик дониста шуд. Азнавсозӣ ва бунёди як силсила иншооти муҳим, ба шумули роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ-Истаравшан-Хуҷанд-Чанак, Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ-Кулма, Душанбе-Саритош, Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ, нақбҳои автомобилгарди «Истиқлол», Шаҳристон, Озодӣ, Шар-Шар роҳандозӣ шуданд, ки имрӯз қисми зиёдашон мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.

Дар давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва иқтисодии кишвар тағйироти куллӣ ба амал омад. Ҳамватанони мо таҳти роҳбарии сарвари хирадманди худ Эмомалӣ Раҳмон корҳоеро ба анҷом расониданд, ки тӯли садсолаҳо дар орзуяшон будем. Кӣ гумон мекард, ки дар як муддати кӯтоҳ, ба мушкилоти иқтисодӣ ва бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ нигоҳ накарда, мо нақби Анзобро, ки баъдан ба пешниҳоди Сарвари давлат «Истиқлол» ном гирифт, ба истифода медиҳему мардум бемалол тамоми фасли сол аз ҷануб ба шимол ва аз шимол ба ҷануб равуо карда, мушкилоташонро рафъ месозанд.

Сокинони кишвар  азобҳои дар роҳҳои пурпечутобу хатарноки Душанбе-Айнӣ-Панҷакент, Душанбе -Айнӣ-Хуҷанд, махсусан ағбаи Анзоб кашидаамонро ҳеҷ вақт аз ёд намебароранд. Зеро дар ин роҳҳои ноҳамвор садҳо ҳамдиёронамон ҷонҳои ширини худро аз даст додаанд. Модарон гирён, фарзандон нолон ва арӯсон либоси мотамӣ ба бар кардаанд.

Роҳи ағбаи Анзоб ҳар сол тақрибан 6 - 7 моҳ баста мешуд. Бо вуҷуди ин мусофирон ба хавфу хатар, ҳатто ба марг рӯ ба рӯ шаванд ҳам, аз ин ағба гузар мекарданд.  Шоҳиди ҳол будем, ки мардум ҳафтаҳо ё дар Майхӯра ва ё дар мавзеи «Ветерок»-и ноҳияи Айнӣ шабҳоро рӯз мекарданд. Фақат ба хотири ин, ки ягон трактор ё булдозер пайдо шаваду мошини онҳоро аз ағба гузаронад. Ҳоло бошад, ба шарофати меҳнати пурмаҳсули кормандони "IRS" ин мушкилот пурра бартараф шуда, ҳамзамон қалбҳои ҳамватанонамон бо ҳам наздиктар шуданд. 

Яке аз шоҳидони ҳол чунин нақл кард: "Тирамоҳрӯя буд. Ман ҳамроҳи се нафар меҳмони хориҷӣ ба зиёрати оромгоҳи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ рафтем. Ҳамсафаронам аз манзараҳои дилфиреб, обҳои мусаффо, меҳмоннавозиву қадршиносии ҳамдиёрони Рӯдакӣ болидахотир гашта бо як ҷаҳон таассурот роҳ ҷониби Душанбе пеш гирифтанд. Вақте ки ба ноҳияи Айнӣ расидем, борон ба боридан сар кард. Аз дилам гузашт, ки ҳамин ҳоло дар ағбаи Анзоб барф меборад ва шояд ағба маҳкам шавад.

Гумонамон рост баромад. Ҳамин ки ба «Ветерок», яъне таги ағба наздик шудем, дидем, ки қатори мошинҳои зиёде истодаанду ронандаҳо аз баста шудани ағба ва дар инҷо шабро рӯз кардани худ ҳарф мезананд. Маълум гашт, ки ағба ба наздикӣ кушода намешавад, зеро дар қисмати Шодмондара баландии барф ба як метр расида будааст. Мо таваккал карда, то ба Шодмондара рафтем. Вақте дарёфтем, ки илоҷи ба пеш ҳаракат кардан нест, ба қафо баргаштем. Дар «Ветерок» тақрибан ду соат интизорӣ кашидем. Соат аз даҳи шаб гузашта буд. Тасмим гирифтем, ки ба Панҷакент баргардему тавассути роҳҳои Ӯзбекистон масофаи тақрибан 700 -киломметраро паймуда, ба Душанбе оем. Ва ҳамин тавр ҳам кардем, зеро дигар илоҷ надоштем".

Имрӯз ба шарофати соҳибистиқлолӣ, ба шарофати сулҳу ваҳдати пойдор, ба шарофати сиёсати хирадмандона ва созандаи Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин мушкилот ва шабҳои сарди зимистонро дар таги ағба рӯз карданҳо бартараф  шуданд. Имрӯз мардум бо дили пур ва бе ягон мушкилот саҳар аз Душанбе баромада ба Хуҷанду Панҷакент мерасанду бегоҳ пас мегарданд. Зеро роҳҳо мисли кафи даст ҳамворанд.

  Имрӯз роҳҳои Тоҷикистон мушкилкушои мардуманд. Ва мардум шукрона мекунанд, ки ба ин рӯзҳо расиданд. Шукрона мекунанд, ки Сарвари оқилу дурандеш доранд. Шукрона мекунанд, ки осмони диёрашон софу беғубор аст. Бигзор доим чунин бошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо