Аз харҷи 60 ҳазор тонна асфалт то худдорӣ аз болобарии  тарофаҳо

 

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ иброз дошта буданд, ки: «ҳадафи асосии Ҳукумат бо бунёду сохтмон ва таҷдиди роҳҳо, туннелу пулҳо аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон ва аз тариқи онҳо дар байни тамоми минтақаҳои мамлакат фароҳам овардани робитаҳои нақлиётӣ, инчунин ба як қаламрави воҳид табдил додани Ватани азизамон мебошад». Дар ин замина моҳи июли соли 2016 азнавсозии яке аз роҳҳои муҳими мамлакат, Душанбе – Чанок ки қисматҳои ҷанубу шимоли Тоҷикистонро ба ҳам пайванд намуд, оғоз гардид. Моҳиятан бо азнавсозии роҳи мавриди назар он бо шоҳроҳи байналмилалии Қароқурум - Кулма - Хоруғ - Кӯлоб - Душанбе пайванд гардида, яке аз қисматҳои асосии Роҳи бузурги абрешим эҳё шуд.

   Бунёди роҳ як тарафи масъала асту нигоҳ доштани он идомаи мантиқии ин раванд ва дар сурати амалӣ нагаштан вайрон гаштани роҳ аз эҳтимол дур нест.

  Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти нақши боризи роҳ ва бо мақсади дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он ба хулоса омад, ки механизми инноватсиониро аз рӯйи низоми толлингӣ дар хизматрасонӣ ва идоракунии роҳи Душанбе - Чанок мавриди амал қарор диҳад ва тибқи шартномаи консессионӣ нигоҳдории шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе — Чанок ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуд.

  Дар матлаби мазкур кӯшиш ба харҷ додем фаъолияти «IRS»-ро дар робита ба нигоҳдории роҳи мавриди назар мухтасар бозгӯйӣ намоем:

  Таъмин будани  рафтуомади шаҳрвандон аз тариқи он дар ҳама фасли сол дастоварди асосӣ маҳсуб шуда,  ба масъулиятшиносӣ ва фаъолияти пурмаҳсули роҳбарият ва кормнадони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  рабт дорад. Ҳамватанони азиз хуб дар хотир доранд, ки солҳои қаблӣ роҳи мазкур ҳамасола 6-7 моҳ аз сабаби фаромадани тарма ва ҳодисаҳои дигари табиӣ баста  мешуд. Замони мавҷуд набудани роҳи муносиб дар ин самт истифодабарандагони роҳ ҳамарӯза бо мушкилоти зиёд дучор гашта, шумораи зиёди одамон ҳатто ҷонашонро аз даст медоданд.

    Ҷанбаи дигар азми қавӣ ва нияти неки масъулини ин ширкат барои дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ  гардидани мебошад. Далел меорам: Ҳанӯз дар марҳилаи аввали фаъолият барои дар сатҳи хуб ва сифати баланд пеш бурдани фаъолият зиёда аз даҳҳо миллион доллари ИМА сармоягузорӣ шуда, минбаъд, ин нишондиҳанда бамаротиб афзоиш ёфта, дар ин замина пойгоҳи техникии филиали ширкат ба 210 техникаву механизм расонида шуда, дар ҳар минтақа корхонаҳои истеҳсоли асфалт ва дигар масолеҳи сохтмонӣ бунёд гардид. Илова бар ин, дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои муътабари байналмилалӣ, аз ҷумла, «Тексидел» зимни фаъолият технологияи муосир мавриди истифода қарор гирифта, ин раванд бемайлон идома дорад.

    Баъзеҳо ибтикори аз ҷониби «IRS» амалишударо нодида мегиранду чунин мепиндоранд, ки фаъолияти кормандони он  танҳо дар плазаҳои толлингӣ иктифо мешавад. Андешае, ки бесосу муғризона аст. Онҳое, ки аз тариқи роҳи мавриди назар боре сафар кардаанд, шоҳиди шол шудаанд, ки  ҳар рӯз садҳо мутахассиси соҳибтаҷриба, устоҳои роҳ бо кумаки техникаи махсусгардонида ба тозакунӣ, таъмир машғул буда, ҳар як ваҷаби роҳро ҳифз мекунанд, то сифати он барои солҳои тӯлонӣ нигоҳ дошта шавад.

  Таъмиру таҷдид дар фаъолияти филиали «IRS» мақоми меҳварӣ дошта, далели возеҳи масъулиятшиносии роҳбарияти он аст.   Ҳамасола доираи фаъолият хеле васеъ гардида, имсол бо ин мақсад зиёда аз 60000  тонна асфалт харҷ гардид. 

   Умури кор дар ин самт таври бояду шояд роҳандозӣ шуда, дар минтақаи Варзоб масоҳати таъмиргардида 111759 метри квадратӣ ва  асфалти сарфшуда 15496 тоннаро ташкил медиҳад.   

  Тибқи нақша, кормандони Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Зарафшон бояд 167580 метри квадратӣ роҳро  таъмир мекарданд. Ба  шарофати масъулиятшиносӣ, азми қавии кормандон  ва истифодаи самараноки имкониятҳои аз ҷониби роҳбарияти филиали Ширкат фароҳамшуда нақша барзиёд иҷро гардида,  бо харҷи 21480,2 тонна асфалти хушсифат 169305 метри мураббаъ роҳ таъмир шуд.   

   Дар Намояндагии Суғд низ таъмири роҳ дар дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ гардида, зиёда аз 15 километр роҳ аз  таъмири куллӣ баромад. Илова бар ин қисматҳои алоҳида таъмири ҷорӣ шуда, дар маҷмӯъ 18588,1 тонна асфалт сарф гардид.  

   Бояд мадди назар дошт, ки ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули кормандони филиали ширкат ҳаракати бехатару муназзами мошинҳо таъмин гардида, дар натиҷаи фароҳам омадани шароити мусоид интиқоли молу маҳсулот, ки яке аз рукнҳои асосии иқтисоди бозорӣ аст, афзуд.Табиист, ки вақте ба таҳвили молу маҳсулот имконияти васеъ муҳайё ва бозори он зиёд мегардад, ҳатман соҳаҳои истеҳсолӣ, қабл аз ҳама саноати кӯҳӣ, яъне истихроҷу коркарди маъданҳои кӯҳӣ, инчунин истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ инкишоф ва додугирифти субъектҳои хоҷагидорӣ вусъат меёбад.

  Ҷолиб он аст, ки   аз ҷониби соҳибназарон, хоса онҳое, ки қаблан аз мавҷудияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқод мекарданд, эътироф гардид, ки бинобар надоштани нигоҳбони масъулиятшиносе чун «IRS» роҳҳои дигаре, ки ба тозагӣ навсозӣ шудаанд, дар муддати кӯтоҳ рӯ ба вайронӣ оварда, аксарият вазъи ногувор доранд.

    Сарфи назар аз таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявӣ, болоравии сатҳи таваррум ва амалӣ гардидани як силсила корҳо, аз ҷумла, бунёди плазаҳои нав, харидории техникаҳои пуриқтидор, бунёди корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таъмири куллӣ ва ҷории  садҳо  километр роҳ, боло набурдани тарофаҳо аз иқдомоти наҷиби роҳбарияти филиали Ширкат маҳсуб мешавад.  Илова бар ин, барои аҳолии шафати роҳ низоми  гузариши имтиёзнок ҷорӣ шудааст, ки  баробари   50 фоиз  то 93%-и нархномаи муқарраргардида мебошад.

   Азбаски механизми толлингии идоракунии роҳҳо барои минтақа иқдоми нисбатан нав аст, дар ибтидо масъулини «IRS баъзан бо фаҳмиши нодуруст, арзу шикоят ва изҳороти дурушт дар мавриди фаъолияти ширкат рӯ ба рӯ мешуданд. Хушбахтона, вақтҳои охир теъдоди шахсоне, ки баъд аз сафар тариқи роҳи Душанбе – Чанок арзи сипоси хешро ба роҳбарият ва кормандони филиали ширкат барои масъулиятшиносӣ мерасонанд, тамоюли афзоишро касб намудааст. Зеро онҳо шоҳиди ҳол мешаванд, ки тадбирандешиҳо дар роҳи мазкур хеле зиёд буда, филиали Ширкат рисолати хешро дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба ҷо оварда истодааст.

   Қаноатмандии шаҳрвандон асосан ба суръати баланди таъмиру таҷдиди роҳ, бетаъхир бартараф гардидани тармаҳо, мунтазам коркард шудани роҳ бо маводи зиддилағжиш, мавриди истифода қарор гирифтани плазаҳои нав, коҳиш ёфтани шумораи плазаҳо ва ғайра рабт дорад.

   Бо мақсади муайян сохтани талаботи истифодабарандагони роҳ аз ҷониби филиали Ширкат дар ҳар хати ҳаракати назди плазаҳои толлингӣ сандуқҳо барои арзу пешниҳодҳо гузошта шудаанд. Ҳамин тариқ, ҳар як истифодабарандаи роҳ метавонад пешниҳоду эродҳои худро ба таври хаттӣ баён намуда, дар сандуқи яке аз плазаҳои толлингии филиали Ширкат гузорад. Илова бар ин, хати доимоамалкунандаи филиали Ширкат - 487011020 низ фаъол буда, дилхоҳ мусофиру ронанда метавонад шабонарӯзӣ занг зада, дархост ва эроди худро пешниҳод намояд.

    Қобили зикр аст, ки роҳбарияту кормандони  «IRS баробари нигоҳдории роҳ дар сатҳи хубу сифати баланд, ҳамзамон, дастгирии табақаи эҳтиёҷманди аҳолиро низ мадди назар доранд. Аз рӯзҳои аввали фаъолият ин масъала мадди назар буда, ҳамон замон ба Хонаи кӯдакони № 1-и шаҳри Душанбе таври мунтазам кумак расонида мешуд. Сипас, ин раванд тавсеа ёфта, филиали Ширкат сарпарастии Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ» дар ноҳияи Варзобро ба зимма гирифт.

  Шоистаи зикр аст, ки филиали Ширкат муассисаи мазкурро мунтазам дастгирӣ намуда, таъмири толори варзишӣ ва бозсозии саҳни он, ки дар ҳолати ногувор қарор доштанд, бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ намуд. «IRS» ба муассисаи мазкур маҳсулоти хӯрокворӣ, мошинаҳои дарздӯзӣ, ҷомашӯӣ, қолин, таҷҳизот барои ошхона, мизу курсӣ, асбобҳои гармидиҳӣ, катҳои хоб ва ғайра низ тақдим намудааст.

Ба ғайр аз ин, намояндагони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» таври мунтазам ба аёдати иштирокчиёни ҶБВ ва собиқадорони меҳнат рафта, ба онҳо кумаки моддӣ мерасонанд. Ҳамрадиф бо иқдомоти зикршуда, аз ҷониби филиали Ширкат барои зарардидагони заминларзаи шаҳри Ваҳдат манзили истиқоматӣ бунёд ва лавозимоти зарурӣ таъмин гардид. Бар замми ин, дар арафаи санаҳои муҳим ва рӯйдоди фараҳбахш тӯйи суннатии фарзандони оилаҳои камбизоат низ баргузор карда шуд.

   Ҳоло кормандони “IRS” низ ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дида, дар ҳолатихуб қарор доштани  техникаву механизм ва захираи маводи зиддилаѓжишу  сӯзишворӣ авлавият аст.

  Илова бар ин, кормандон бо сару либоси зимистона таъмин шуда, барои фаъолияти муназзами онҳо дар макони мустақаршуда  дар ҳаҷми  зарурӣ ангишт ва ҳезум дастрас шудааст. Масъулин хуб дарк кардаанд, ки  айёми қаҳратуни сол марҳилаи ҳассос буда, дар сурати сари вақт омодагӣ  надидан ба  раванди фаъолият латма ворид хоҳад гашт.

            Барои фаъолияти муназзаму пурмаҳсул дар фасли зимистон дар намояндагии Варзоб 4312,5 метри кубӣ маводи зиддилағжиш, 150000 литр  сӯзишвории дизелӣ, 80 тонна ангишт, 30 метри кубӣ ҳезум, 4100 литр равғани молиданӣ, 1700 литр антифриз захира шуда, 44 техникаву механизми барои ин мавсим пешбинишуда дар ҳолати омодабош қарор доранд.

  Дар  намояндагии Зарафшон низ омодагӣ ба мавсими сармо ҷиддӣ буда, захира шудани  5600 тона қум, 410 тонна намак, 90 тонна сӯзишвории дизелӣ, 16 тонна ангишт, 10 метри кубӣ ҳезум шаҳодати ин гуфта аст. Сӣ  техникаи махсусгардонидашуда ба мавсими тирамоҳу зимистон омода мебошанд. 

   Чунин тарзи муносибат дар намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Суғд низ роиҷ буда, 4000 тонна қум, 350 тонна намак, 40000 литр сӯзишвории дизелӣ, 20 тонна  ангишт, 20 метри мураббаъ ҳезум захира шудааст. 34 адад техникаву механизми марбут ба намояндагии зикршуда  ба мавсими зикршуда пурра омодаанд.  

   Лозим ба ёдоварист, ки нишондиҳандаҳои мазкур дар муқоиса ба солҳои қаблӣ тамоюли афзоишро касб намуда, ин  ҷанба имкон фароҳам меорад, ки рисолати филиали Ширкат - нигоҳдории роҳ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо