Боз як далели масъулиятшиносии «IRS»
Азнавсозии пули воқеъ дар километри 267 - уми роҳи мошингарди Душанбе – Чанок, ки соли 1962 сохта шуда, поя ва сутунҳои марказии он аз сабаби рафтуомади воситаҳои нақлиёт тайи солҳои мавриди истифода будани он корношоям гаштааст, идомаи мантиқии ин раванд маҳсуб мешавад. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадоҳо ба миён афтода буданд, ки филиали Ширкат ба таъмири ин пул бетафовутӣ зоҳир намудааст.
Хотиррасон мешавем, ки нуҳуми марти соли 2021, баъд аз таҳқиқи комиссияи дахлдори таъсисёфта ба намояндагӣ аз Вазорати нақлиёт, Бозрасиии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва мутахассисони филиали Ширкат хулоса шуда буд, ки онро таъмир кунанд.
Дар асоси тавофуқот демонтаж ё ҷудосозии купрӯки мазкур аз сӯи ширкати ватании “Роҳи ваҳдат” амалӣ шуда,лоиҳакашиву азнавсозии пулро ширкати муътабари “Чайна Роуд” дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ намуда истодааст.
Иқдоми мазкур боз як далели масъулиятшиносии ширкати мавриди назар маҳсуб мешавад, зеро азнавсозии ин пули азим хароҷоти зиёдро ба думбол дорад.
Лозим ба ёдоварист, ки пештар аз ҷониби “IRS” ду купруки азими масири Душанбе – Чаноқ пурра ва бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ азнавсозӣ шуда буд.