«IRS»: “Ба мавсими сармо омодагии ҷиддӣ дорем”
Агар бо мусоид гардидани обу ҳаво дар фаъолияти «IRS» таъмири таҷдиди роҳ мақоми меҳварӣ касб кунад, дар мавсими сармо таваҷҷуҳи масъулин ба рафъи пайомади тармафароӣ, мунтазам тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш равона мешавад Иттилоъ медиҳем, ки имсол низ мавсими таъмиру таҷдиди роҳ бо нишондиҳандаҳои арзанда ва барзиёд ҷамъбаст гардид.
Умури кор дар ин самт таври бояду шояд роҳандозӣ шуда, дар минтақаи Варзоб масоҳати таъмиргардида 111759 метри квадратӣ ва асфалти сарфшуда 15496 тоннаро ташкил медиҳад.
Тибқи нақша, кормандони Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Зарафшон бояд 167580 метри квадратӣ роҳро таъмир мекарданд. Ба шарофати масъулиятшиносӣ, азми қавии кормандон ва истифодаи самараноки имкониятҳои аз ҷониби роҳбарияти филиали Ширкат фароҳамшуда нақша барзиёд иҷро гардида, бо харҷи 21480,2 тонна асфалти хушсифат 169305 метри мураббаъ роҳ таъмир шуд.
Дар Намояндагии Суғд низ таъмири роҳ дар дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ гардида, зиёда аз 15 километр роҳ аз таъмири куллӣ баромад. Илова бар ин қисматҳои алоҳида таъмири ҷорӣ шуда, дар маҷмӯъ 18588,1 тонна асфалт сарф гардид.
Ҳоло кормандони “IRS” низ ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дида, дар ин раванд ҳолати техникаву механизм ва захираи маводи зиддилаѓжишу сӯзишворӣ авлавият аст. Илова бар ин, кормандон бо сару либоси зимистона таъмин шуда, барои фаъолияти муназзами онҳо дар макони мустақаршуда дар ҳаҷми зарурӣ ангишт ва ҳезум дастрас шудааст. Масъулин хуб дарк кардаанд, ки айёми қаҳратуни сол марҳилаи ҳассос буда, дар сурати сари вақт омодагӣ надидан ба раванди фаъолият латма ворид хоҳад гашт.
Бо ин мақсад моҳи апрели соли равон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022” ба тасвиб расида, ҳадафи асосии ҳуҷҷати мазкур омода намудани тамоми соҳаҳо ва шаҳрвандон ба мавсими зимистон маҳсуб меёбад.
Бино ба гуфти масъулин, барои фаъолияти муназзаму пурмаҳсул дар фасли зимистон дар намояндагии Варзоб 4312,5 метри кубӣ маводи зиддилағжиш, 150000 литр сӯзишвории дизелӣ, 80 тонна ангишт, 30 метри кубӣ ҳезум, 4100 литр равғани молиданӣ, 1700 литр антифриз захира шуда, 44 техникаву механизми барои ин мавсим пешбинишуда дар ҳолати омодабош қарор доранд.
Дар намояндагии Зарафшон низ омодагӣ ба мавсими сармо ҷиддӣ буда, захира шудани 5600 тона қум, 410 тонна намак, 90 тонна сӯзишвории дизелӣ, 16 тонна ангишт, 10 метри кубӣ ҳезум шаҳодати ин гуфта аст. Сӣ техникаи махсусгардонидашуда ба мавсими тирамоҳу зимистон омода мебошанд.
Чунин тарзи муносибат дар намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Суғд низ роиҷ буда, 4000 тонна қум, 350 тонна намак, 40000 литр сӯзишвории дизелӣ, 20 тонна ангишт, 20 метри мураббаъ ҳезум захира шудааст. 34 адад техникаву механизми марбут ба намояндагии зикршуда ба мавсими зикршуда пурра омодаанд.
Лозим ба ёдоварист, ки нишондиҳандаҳои мазкур дар муқоиса ба солҳои қаблӣ тамоюли афзоишро касб намуда, ин ҷанба имкон фароҳам меорад, ки рисолати филиали Ширкат - нигоҳдории роҳ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардад.