ТАЪМИНИ БЕХАТАРӢ ВА НАЗАРРАБО ШУДАНИ РОҲ АЗ ЧӢ ВОБАСТА АСТ?

 

Аз рӯзе, ки ҷомеаи башарӣ арзи вуҷуд дорад, талабот ба роҳ пайдо шудааст. Маҳз тавассути роҳ инсон ба манзили мақсуд расида, тиҷорату саёҳат ривоҷ меёбад. Вақте ки Тоҷикистони азизи мо соҳибистиқлол гардид, миёни вилоятҳои он тамоми сол имкони рафтуомади озод вуҷуд надошт.

Масалан, барои дар фасли зимистон ба шимоли мамлакат рафтан тавассути кишвари ҳамсоя масофаи зиёдеро тай кардан лозим меомад. Ин вақту маблағи бисёрро талаб мекард. Хушбахтона, роҳбарияти ҷумҳурӣ чораи фаврӣ андешида, бо ҷалби сармоягузории хориҷӣ аз паи азнавсозии роҳе шуд, ки тавассути он робитаи шимолу ҷануби кишвар тамоми сол таъмин гардид.

Роҳи Душанбе-Бӯстон-Чанак дар ҷумҳурӣ аз ҷумлаи нахустин роҳҳое ба шумор меравад, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалист. Бунёди роҳ як тарафи масъала асту нигоҳ доштани он идомаи мантиқии ин раванд ва дар сурати амалӣ нагаштан вайрон гаштани роҳ аз эҳтимол дур нест.

Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти нақши боризи роҳ ва бо мақсади дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он ба хулоса омад, ки механизми инноватсиониро аз рӯйи низоми толлингӣ дар хизматрасонӣ ва идоракунии роҳи Душанбе - Чанок мавриди амал қарор диҳад ва тибқи шартномаи консессионӣ нигоҳдории шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе - Чанок ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуд.

Харидории техникаву механизмҳои пуриқтидори замонавӣ, тавсеаи таъмиру таҷдиди роҳ, таъсиси корхонаҳои истеҳсоли асфалт, мавриди истифода қарор гирифтани плазаҳои нав, коҳиш ёфтани шумораи плазаҳо ва ғайра аз ибтикоре мебошанд, ки нигоҳбони боэътимоди роҳи мавриди назар - “IRS”амалӣ намудааст.

Дар баробари омилҳои зикршуда, мардум аз зебову назаррабо будани роҳ, ки ба шарофати хатҳои уфуқӣ имконпазир гардидааст, изҳори қаноатмандӣ мекунанд. Мавҷудияти чунин хат яке аз талаботи асосии бахши роҳсозӣ буда, саҳми хатҳои уфуқӣ дар таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт бориз аст ва роҳро зебову назаррабо менамояд.

Биноан, кормандони филиали Ширкат масъалаи мазкурро мунтазам мадди назар қарор дода, фаъолияти худро дар робита ба кашидани чунин хатҳо тавсеа бахшидаанд.

Солҳои охир, дар заминаи тадбирандешиҳои саривақтӣ аз ҷониби кормандони филиали Ширкат дар масофаи садҳо километр хатҳои уфуқӣ аз нав кашида шуданд.

Чанде пеш, баъд аз анҷом ёфтани марҳилаи асфалтхобонӣ, кашидани чунин хат дар минтақаи Зарафшон шурӯъ гардид. Рӯзҳои наздик кормандони намояндагиҳои минтақаҳои Варзоб ва Суғд низ корро оғоз менамоянд.

Муҳим он аст, ки ин иқдом бо истифода аз ранги босифат ва тавассути техникаи замонавӣ амалӣ шуда, кафолати муддати зиёд беосеб монданаш таъмин аст. Чунин тарзи кор ба ҳукми анъана даромада, ҳар сол чунин иқдомот бо фаро расидани фасли гармо шурӯъ гардида, баҳри ҳаракати нақлиёт ва бехатарии ронандагону мусофирон равона шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо