Ҳамватанони гиромӣ!
Нуҳуми сентябри соли равон мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни муқаддасу муборак - 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мекунанд.
Ба ин муносибат шумо, аҳли хонавода ва ҳамкоронатонро самимона шодбош гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо саодату хушбахтӣ ва дар амалисозии нияту нақшаҳои некатон комёбӣ орзумандем.
Истиқлолият рамзи соҳибдавлатии миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро ба дасти хеш навишта, мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо сохт.
Маҳз истиқлолият ба мо имконияти таърихӣ фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем.
Боварӣ дорем, ки минбаъд низ дар якҷоягӣ ҳама гуна мушкилотро паси сар намуда, ҳамеша ба сӯи пешрафт ва ба хотири ободиву тараққиёт саъю талош мекунем.
Ҷашн муборак!