МАҲДУДИЯТИ МАВСИМӢ АЗ БАЙН РАФТ
Тавре ҳамватанони азиз иттилоъ доранд, шурӯъ аз 1-уми майи соли равон то 31 августи ҳамин сол аз соати 10:00 то 20:00 дар роҳи Душанбе – Чанок маҳдудияти мавсимӣ ҷорӣ шуда буд.
Ин маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шуда, ҷиҳати иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷорӣ намудани маҳдудияти мавсимии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои истифодаи умум» амалӣ шуд.
Иттилоъ медиҳем, ки шурӯъ аз имрӯз маҳдудияти мавриди назар аз байн бардошта шуд.
Хотиррасон менамоем, ки маҳдудияти ба таъмири нақби “Истиқлол” дахлдошта ҳоло аз байн нарафта, ронандагонро зарур аст сафари худро бо он мутобиқ намоянд.