Боз як далели масъулиятшиносии «IRS»
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли ҷорӣ иброз доштанд, ки: «Солҳои охир соҳаи роҳу нақлиёт бомаром рушд намуда, дар натиҷа мо ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил гардидем».
Корҳои дар соҳа анҷомёфта имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо, ки ҳар сол аз ҷониби таҳқиқоти байналмилалии «Ҳисоботи ҷаҳонии рақобатпазирӣ» гузаронида мешавад, дар зарфи солҳои охир 20 зина боло рафта, тибқи арзёбии Форуми иқтисодии ҷаҳонӣ аз рӯи нишондиҳандаи сифати инфрасохтори роҳҳо 32 зина беҳтар гардид.
Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири «Роҳи бузурги абрешим» ҷойгир буда, маҳз азнавсозии шоҳроҳи Душанбе – Чанок барои ба кишвари транзитӣ табдил ёфтани мамлакат шароити мусоид фароҳам овард. Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти нақши боризи роҳ ва бо мақсади дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он ба хулоса омад, ки механизми инноватсиониро аз рӯйи низоми толлингӣ дар хизматрасонӣ ва идоракунии роҳи Душанбе — Чанок мавриди амал қарор диҳад ва тибқи шартномаи консессионӣ нигоҳдории шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе — Чанок ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуд.
Далели бебаҳс аст, ки ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули кормандони «IRS» ҳаракати бехатару муназзами мошинҳо таъмин гардида, дар натиҷаи фароҳам омадани шароити мусоид интиқоли молу маҳсулот, ки яке аз рукнҳои асосии иқтисоди бозорӣ аст, афзуд.
Инчунин, бо роҳандозии фаъолият дар сатҳи хуб ва сифати баланд, аз ҷониби филиали ширкат ба ободонӣ, ки дар навбати аввал ба таъмини бехатарии мусофирону ронандагон рабт дорад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда истодааст.
Харидории озмоишгоҳи сайёр идомаи мантиқии ибтикори қаблан амалигардида маҳсуб шуда, дар ин замина имкон фароҳам омад, ки назорати сифати маводу масолеҳ беҳбуд ёбад. Озмоишгоҳи сайёри мавриди назар аз соли 2017 инҷониб фаъолият дошта, тамоми маводу масолеҳи дар фаъолияти ширкат истифодамегаштаро таҳлили мӯшикофона мекунанд. Барои мисол, дар мавсими гармо, айёме, ки таъмиру таҷдиди роҳ шурӯъ мегардад, озмоишгоҳи мазкур фаъолияташро асосан ба ташхиси масолеҳи барои таъмир пешбинишуда, аз ҷумла, асфалт равона месозад.
Умури назорат дар самт хеле ҷиддӣ роҳандозӣ шуда, дар сурати ҷавобгӯ набудани масолеҳ ба талаботи стандартҳои байналмилалии 9128-13 ва ба меъёрҳои сохтмонии 3.06.0385 истифодаи он иҷозат дода намешавад. Барои муайян намудани қитаъҳои осебдида ва танзиму назорати таъмири роҳ озмоишгоҳи мазкур бо таҷҳизоти махсус “Георадар ОКО-2” таҷҳизонида шудаааст.
Ба наздикӣ дар озмоишгоҳ таҷҳизоти муайяннамоии сатҳи ҳамвории роҳ “IRI” дастрас ва насб мегардад. Ин иқдом замина фароҳам меорад, ки одитарин ноҳамвории роҳ ба мушоҳида гирифта шуда, барои рафъи бетаъхири он тадбирандешӣ гардад. Қобили зикр аст, ки озмоишгоҳи мазкур ва дастгоҳҳои дар раванди фаъолияти он мавриди истифодабуда намунаи муосири технологияи соҳа ба ҳисоб рафта, дар кишвармон камназиранд.
Дар мавсими сармо бошад, санҷиши сифати маводи сӯзишвориву зиддилағжиш, бетон, равғанҳои молиданӣ аз самтҳои афзалиятноки ин озмоишгоҳи сайёр мебошад. Мунтазам сайқал додани малакаи кормандони озмоишгоҳи сайёр зери назари роҳбарияти филиали Ширкат қарор дошта, онҳо курсҳои такмили ихтисосро дар шаҳри Саратови Федератсияи Россия гузаштанд. Илова бар ин, озмоишгоҳ дорои сертификати Муассисаи давлати Маркази миллӣ оид ба аккредитатсия буда, тамоми таҷҳизот шаҳодатномаи мутобиқат доранд.
Фаъолияти пурмаҳсули озмоишгоҳи зикршуда далели бебаҳси он аст, ки «IRS» ширкат тавонист, ки дар давоми мавҷудият масъалаҳои зиёди ташкилӣ, молиявӣ ва иҷтимоиро ба фаъолият рабтдоштаро бетаъхир ҳаллу фасл намояд.
Мутаассифона, аксарият мавҷудияту фаъолияти «IRS»-ро дар баъзе маврид танҳо ба плазаҳои толлингӣ мансуб медонанд. Ҳол он ки фаъолияти асосии ширкат на дар плазаҳои толлингӣ, балки дар масири роҳи мошингард ба роҳ монда шудааст.
Ҳар рӯз садҳо мутахассиси соҳибтаҷриба – устоҳои роҳ бо кумаки техникаи махсусгардонида ба тозакунӣ, таъмир машғул буда, ҳар як ваҷаби роҳро ҳифз мекунанд, то сифати он барои солҳои тӯлонӣ нигоҳ дошта шавад. Ҳар се километри роҳ ба як коргар, ки бо асбобҳои корӣ, воситаҳои мухобиротӣ таъминанд, вобаста гардидааст.
Нуктаи муҳим он аст, ки «IRS» барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯйи талаботи бахши роҳсозӣ амалӣ намудани вазифа имконият ва шароити зарурӣ, аз қабили мутахассисони болаёқат, корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таҷҳизоти замонавӣ, техникаҳои пуриқтидор дошта, аз онҳо самаранок истифода менамояд.
Соли равон доираи фаъолият хеле васеъ гардида, бо ин мақсад то ин замон 33 ҳазор тонна асфалт харҷ ва 198 728, 88 метри квадратии роҳ дар минтақаҳои Варзоб, Зарафшон ва Суғд таъмири куллӣ ва ҷорӣ шуд.
Нишондиҳандаи мазкур ба шарҳу тавзеҳи зиёд зарурат надошта, шаҳодати масъулиятшиносӣ ва муносибати дуюмдараҷа надоштан ба иҷрои рисолат маҳсуб мешавад.