Насби банерҳо - идомаи мантиқии ибтикороти қаблӣ

Банерҳое, ки аз ҷониби филиали Ширкат дар роҳи Душанбе - Чанок насб шудаанд ба ронандагон моҳиятан ҳушдор маҳсуб шуда, ҳамзамон доир ба рисолату дастовардҳои "IRS" маълумот медиҳанд.Таваҷҷуҳ ба омодасозии банерҳо ва муҳтавояшон хоса буда, тамоми кӯшиш ба он равона шудааст, ки дар ташаккули афкори ронандагону мусофирон нақш гузоранд.

   Илова бар ин, иқдоми мазкур барои назаррабо шудани масири роҳ низ то андозае саҳмгузор аст. Дирӯз дар қитъаҳои пешбинишудаи Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Суғд насби банерҳои зикршуда дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ гардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо