Нақби “Истиқлол” таъмир ва гузариши нақлиёт  маҳдуд мешавад

 

 

Иттилоъ медиҳем, ки шурӯъ аз панҷуми июн,  бинобар оғоз гардидани таъмиру таҷдиди нақби «Истиқлол» ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт ба самти  Душанбе- Хуҷанд аз соати 7: 00 то 10:00 ва аз соати 13:00 то 16:00 қатъ мегардад.  Аз ҷониби  Хуҷанд  ба  Душанбе бошад ин маҳдудият  аз соати 10:00 то 13:00  ва аз соати 16:00 то 19:00 -ро  дарбар мегирад.

Ронандагони гиромӣ бояд донанд, ки аз  соати 19:00 бегоҳӣ то соати 6:00 субҳ  роҳ ба ду самт кушода буда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт бидуни монеа имконпазир аст.  

Лозим ба ёдоварист, ки ин иқдом  дар асоси қарори дахлдори Ҳукумати Тоҷикистон  сурат гирифта, эҳтимол аст, ки  таъмиру азнавсозӣ  то 3 моҳ идома ёбад.

 Ба шарофати ин ибтикор дар нақби «Истиқлол» чароғ, камераҳои назоратӣ ва барои тоза кардани ҳавои дохили нақб ҳавотозакунакҳо насб карда мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо