Аёдати  бошандагони Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ» 

 

 

Бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии ҳамаҷонибаи табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ самти афзалиятнок эътироф ва интихоб шуда, ин раванд муназзам густариш ёфта истодааст. Роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сиёсати пешгирифтаи Роҳбари мамлакат ҳамовозӣ намуда, дар баробари иҷрои рисолати ба зиммааш вогузоршуда фаъолияти хайриявиашро низ густариш бахшидааст.

  Дар арафаи Иди саиди Фитр роҳбарияти   “IRS”  ба аёдати бошандагони Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ» дар ноҳияи Варзоб омаданд.

Лозим ба ёдоварист, ки Кормандони Ширкат дар тантанаҳои таҷлили дилхоҳ ҷашн, ки дар ин Муассиса доир мегардад, иштирок менамоянд. Муҳимтар аз ҳама, онҳо ҳамеша ба муборакбодӣ ва аёдати бошандагони ин муассиса бо дастовез, ки тибқи дархости масъулини ин марказ харидорӣ шудааст, меоянд. Зикр намудан бамаврид аст, ки иқдоми мазкур аввалин ва охирин набуда, “IRS”   онро мунтазам идома дода истодааст.

Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали фаъолият ин масъала – пешбурди фаъолияти хайриявӣ мадди назар буда, ҳамон замон ба Хонаи кӯдакони № 1-и шаҳри Душанбе таври мунтазам кумак расонида мешуд. Сипас, ин раванд тавсеа ёфта, филиали Ширкат сарпарастии Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ» дар ноҳияи Варзобро ба зимма гирифт.

  Шоистаи зикр аст, ки филиали Ширкат муассисаи мазкурро мунтазам дастгирӣ намуда, таъмири толори варзишӣ ва бозсозии саҳни он, ки дар ҳолати ногувор қарор доштанд, бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ намуд.

Ҳамрадиф бо ин иқдомот «IRS» ба муассисаи мазкур маводи хӯрока, мошинаҳои дарздӯзӣ, ҷомашӯӣ, таҷҳизот барои ошхона, мизу курсӣ, асбобҳои гармидиҳӣ, катҳои хоб ва ғайра низ тақдим намудааст. Ба ғайр аз ин, намояндагони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» таври мунтазам ба аёдати иштирокчиёни ҶБВ ва собиқадорони меҳнат рафта, ба онҳо кумаки моддӣ мерасонанд.

   Ҳамрадиф бо иқдомоти зикршуда, аз ҷониби филиали Ширкат барои зарардидагони заминларзаи шаҳри Ваҳдат манзили истиқоматӣ бунёд ва лавозимоти зарурӣ таъмин гардид. Илова бар ин, дар арафаи санаҳои муҳим тӯйи суннатии фарзандони оилаҳои камбизоат низ баргузор карда шуд.

  Ин навбат роҳбарияти “” тасмим гирфтанд, ки ду дегхонаи Маркази худмухтори гармидиҳӣ ва хати обрасонии  Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ» -ро пурра таъмир намоянд.

 Дар маҷмӯъ, густариш ёфтани фаъолияти ширкати фавқуззикр вобаста ба дастгирии эҳтиёмандону ятимон ва бепарасторон далели возеҳи он аст, ки роҳбарияту кормандони он баробари нигоҳдории роҳ дар сатҳи хубу сифати баланд, ҳамзамон дастгирии табақаи эҳтиёҷманди аҳолиро низ мадди назар доранд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо