ТАЪМИРИ КУЛЛӢ ВА ҶОРИИ РОҲ ШУРӮЪ ШУД

 

 

Таъмиру таҷдид аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  маҳсуб шуда, муносибат ба он хоса аст. Масъулиятшиносии кормандони филиали Ширкат дар робита ба ин масъала хеле баланд буда, баробари ба вуҷуд омадани вайроншавии кучактарин дар роҳи Душанбе – Чанок бетаъхир чораандешӣ мешавад.

Иттилоъ медиҳем, ки чанде пеш таъмири ҷорӣ ва куллии роҳ шурӯъ шуда, дар ин самт кормандони мо азми қавӣ ва омодагии ҷиддӣ доранд. Дар мавсими имсола доираи фаъолият хеле васеъ гардида, тасмим гирифта шудааст, ки садҳо километр таъмири ҷорӣ ва даҳҳо  километр роҳ таьмири куллӣ шавад. 

  Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки таъмири куллӣ аз лиҳози моҳият ва хароҷот аз бунёди роҳ кам нест. Сарфи назар ин, роҳбарияти филиали Ширкат дар ин самт собитқадам мебошанд, ки далели бебаҳси масъулиятшиносӣ ва муносибати дуюмдараҷа надоштан ба иҷрои рисолат маҳсуб мешавад.

Муҳимтар аз ҳама, барои таьмири роҳ мутахассисони ҳирфаӣ ва техникаву механизмҳои замонавӣ ҷалб шуда, се корхонаи истеҳсоли асфалти марбут ба филиали Ширкат дар тавсеаи ин раванд саҳми бориз доранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо