Соҳилмустаҳкамкунӣ. Дар ин самт низ фаъолу масъулиятшиносем  

 

Роҳи Душанбе – Чанок, ки нигоҳдориаш ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор аст, махсусиятҳои худро дорад, ки дар канори он ҷорӣ будани дарё ва дарёчаҳои тезоб яке аз онҳост.  Дар фаслҳои баҳору тобистон баландшавии сатҳи оби ин дарёҳо падидаи маъмул буда, аз ин ҳисоб баъзе қисматҳои роҳ осеби ҷиддӣ мебинанд. Дар мавсими боришот ҷӯйборҳои канори роҳ пурсангу лой шуда, роҳбарияти филиали Ширкат мунтазам тоза намудани онҳоро аз авлавиятҳо медонад.

   Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки нигоҳдории роҳ амали гуногунҷанба мебошад, ки ҳар яке нозукиҳои худро дошта, дар сурати риоя нагардидан пайомадҳои  ногувор хоҳад дошт. Кормандони намояндагиҳои филиали Ширкат бо дарки муҳимияти масъалаи мавриди назар фаъолияташонро дар ҳама самт, аз ҷумла соҳилмустаҳкамкунӣ вусъат бахшида, корҳои зиёдеро ба сомон расониданд.   

Дар давоми солҳои  охир дар қитъаҳои зиёди  масири мазкур соҳилмустаҳкамкунӣ  тавсеа ёфта, кор бо истифода аз техникаҳои пуриқтидор,  масолеҳи босифати сохтмонӣ сурат гирифт.

  Иқдоми  мазкур муҳиму саривақтӣ буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки  филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои рисолаташ собитқадам ва дақиқкор буда, бо дарки масъулият фаъолияти хешро пеш мебарад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо