Хатҳои уфуқӣ. Чаро таваҷҷуҳ ба ҳолати онҳо хоса аст?
Мавҷудияти хатҳои уфуқӣ яке аз талаботи асосии бахши роҳсозӣ буда, саҳми хатҳои уфуқӣ дар таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт бориз аст ва роҳро зебову назаррабо менамояд. Биноан, кормандони филиали Ширкат масъалаи мазкурро мунтазам мадди назар қарор дода, фаъолияти худро дар робита ба кашидани чунин хатҳо тавсеа бахшидаанд.
Солҳои охир, дар заминаи тадбирандешиҳои саривақтӣ аз ҷониби кормандони намояндагиҳои минтақаи Варзоб, Зарафшон ва Суғд дар масофаи садҳо километр хатҳои уфуқӣ аз нав кашида шуданд. Муҳимтар аз ҳама, ин иқдом бо истифода аз ранги босифат ва тавассути техникаи замонавӣ амалӣ шуда, кафолати муддати зиёд беосеб монданаш таъмин аст.
Чунин тарзи кор ба ҳукми анъана даромадааст, бо фаро расидани фасли гармо чанде пеш шурӯъ гардида, минбаъд дар сатҳи хубу сифати баланд идома хоҳад ёфт.