Самараи масъулиятшиносӣ арҷгузорӣ аст

 

 Бо хулоса аз корҳои анҷомёфта метавон гуфт, ки мавҷудият ва фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатовар буда, маҳз ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули кормандони он роҳи Душанбе – Чанок дар ҳолати хуб қарор дошта, рафтуомади шаҳрвандон аз тариқи он дар ҳама фасли сол таъмин аст.

  Мусбат гардидани назари мардум ба фаъолияти «IRS» дар навбати аввал ба фаъолияти пурмаҳсул ва масъулиятшиносии роҳбарият ва кормандони он рабт дорад. Бо мурури вақт ин низом натиҷаҳои мусбат ба бор оварду мардум низ боварӣ ҳосил намуданд, ки пули пардохтнамудаашон барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ, беҳтар намудани инфрасохтори нигоҳдории он ва харидории техникаву механизмҳои замонавӣ харҷ мешавад.

 Вақт нишон дод, ки ин тадбир оқилона буда, пеш аз ҳама, барои беҳдошти ҳолати роҳи стратегии кишвар муҳиму саривақтӣ ба ҳисоб меравад. Дар семоҳаи аввали соли равон, ҳамрадиф бо масъалаҳои дигар, иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021” мадди назар буд.

 Роҳбарият ва кормандони Филиали ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори зикршударо сармашқи кор қарор дода, ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ гирифтанд. Барои фаъолияти муназзам дар фасли сармо дар ҳаҷми зарурӣ маводи зиддилағжиш, ангишт, сӯзишворӣ (солярка ва бензин), равғанҳои молиданиву сарулибоси зимистона захира шуд. Дар ин давра харҷи маводи зиддилағжиш дар намояндагиҳои филиали Ширкат 16206 тонна, маводи сӯзишворӣ 289861 литр, намаки техникӣ 1143 тонна, ангишт 130 тоннаро ташкил дод. Лозим ба ёдоварист, ки тамоми нишондиҳандаи дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта тамоюли афзоишро касб намудаанд.

  Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ низ аз ҷониби кормандони филиали Ширкат пур намудани тарқишҳои фарши роҳ бо битум, гузоштани аломатҳои роҳ, тоза кардани ҷуйборхои бетонӣ бо механизмҳо, тайёр ва насб намудани ҷуйборҳои оҳану бетонӣ, мустаҳакам ва ҳамворкунии канори роҳ бо асфалти коркардкардашуда, тоза кардани фарш ва канори роҳ аз фурурезишҳо, бартарафсозии пайомадҳои тармафароӣ, сел, рангуборкунии иншоот ва элементҳои роҳ дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ шуд.

  Таваҷҷуҳи асосӣ ба он равона шуд, ки дар лаҳзаҳои аввали рух додани тармафароӣ, омадани сел, фурӯ рафтани роҳ, резиши кӯҳпора ва сангфароӣ кормандони мо баҳри бартараф намудани он беътаъхир камари ҳиммат баста, техникаву механизмҳои зарурӣ фавран сафарбар шаванд. Сари вақт тоза шудани тармаҳо, бетаъхир бартараф шудани пайомадҳои сангфароӣ, резиши кӯҳпора ва омадани сел далели бебаҳси он аст, ки кормандони мо вазифааашонро хуб иҷро карда истодаанд. Таъмиру таҷдид зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарияти филиали Ширкат қарор дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кӯчактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад.

  Соли равон доираи фаъолият хеле васеъ гардида, дар минтақаи Варзоб тоза кардани роҳ аз барф - 10175 метри кубӣ, корҳои соҳилмустаҳкуниву батартибдории канори роҳ - 30981 метри квадратӣ, тозакунии ҷӯйборҳои канори роҳ дар масофаи 65500 метри тулонӣ, иваз намудани аломатҳои роҳ дар 16 қитъа, рангубори нақб (галареяи) “Дустӣ” ва ғайра амалӣ гардид. Дар минтақаи Суғд низ корҳо дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ шуда, роҳ аз барф дар масофаи 2632 километр (бо назардошти такрор ёфтани ин кор) тоза карда шуда, 96000 метри тулонӣ ҷӯйборҳои канори роҳ пурра аз фурурезиш тоза гардиданд. Илова бар ин, дар корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ба бахши роҳ дахлдоштаи минтақаи Суғд 1394 метри кубӣ масолеҳ истеҳсол гардид. Ба ин монанд, дар минтақаи Зарафшон низ корҳои зиёд ба анҷом расиданд.

 Лозим ба ёдоварист, ки аз ҷониби кормандони кашидани хатҳои уфуқӣ шурӯъ гардида, ин иқдом бо истифода аз ранги босифат ва тавассути техникаи замонавӣ амалӣ шуда, кафолати муддати зиёд беосеб монданаш таъмин аст.

 Дастовардҳои бадастомада моро қаноатманд накарда, дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳем, то нишондиҳандаҳо дар ҳама самтҳо беҳтар гарданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо