БО ВУҶУДИ МУШКИЛОТ, РОҲ КУШОДА АСТ
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, субҳи имрӯз, бинобар бориши шадиди барф, тармафароӣ ва омадани сел ҳаракати тамоми намуди нақлиёт аз тариқи роҳи Душанбе - Чанок муваққатан боздошта шуда буд.
Чанд лаҳза пеш кормандони филиали Ширкат тамоми тармаҳои фаромадаро, ки теъдодашон 15 адад буд, бартараф намуданд. Лозим ба ёдоварист, ки баланди як қисми ин тармаҳо то 15 метр ва паҳноияшон қариб 500 метр буд.
Ҳоло роҳ кушода буда, кормандони филиали Ширкат тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодаанд, то ҳаракаи муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт доимо таъмин бошад.
Ҷоиз ба зикр аст, ки барои эҷод накардани ба ҳаракати дигар овситаҳои нақлият барои гузариши автомобилҳои боркаши ядакдор ва "Фура"-ҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.