Садама дар дохили нақби "Истиқлол!

Шоми дирӯз дар дохили нақби "Истиқлол" автомобили боркаши "Фура", ки ҳомили 40 тонна бор буд, бо автомобили боркаши "Дулан" бархурд. Дар натиҷа ҳарду автомобил осеби ҷиддӣ дида, ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеа эҷод карданд.Бо назардошти ҳолати баамаломада кормандони филиали Ширкат тасмим гирифтанд ҳаракати тамоми нақлиёт муваққатан боздошта шавад.

  Бо кумаки кормандони филиали Ширкат автомобили "Дулан" аз дохили нақб берун бароварда шуд.Бо назардошти 40 тонна бор доштани "Фура", кормандони мо зимни аз дохили нақб берун баровардани он ба мушкилӣ мувоҷеҳ шуданд. Новобаста аз ин,  дар давоми камтар аз 3 соат ҳаракати нақлиёт имконпазир  гашт.

 Аз шаҳрвандон бо арзи эҳтиром хоҳишмандем, ки ҳолати баамаломада ва тасмими роҳбарияти филиали Ширкатро дуруст дарк намоянд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо