«IRS»: Овозаҳо беасос буда, роҳи Душанбе – Чанок кушода аст
Айни замон фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» таври мунтазам, дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ шуда истодааст. Овозаҳо дар мавриди он ки гӯё дар робита ба бемории коронавирус роҳи автомобилгарди Душанбе – Чанок баста мешавад, асос надоранд. Дар робита ба ин, аз шаҳрвандон бо арзи эҳтиром хоҳишмандем, ки ба овозаҳо фирефта нашаванд.
Иттилоъ медиҳем, ки тамоми маълумоти ба вазъи роҳи Душанбе – Чанок дахлдошта дар сайти филиали Ширкат ва саҳифаи филиали Ширкат дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” қобили дарёфт аст.
Матолиби дар ВАО нашршуда аз он шаҳодат медиҳад, ки дар давоми се соли охир аз ҷониби соҳибназарон, хоса онҳое, ки қаблан аз мавҷудияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқод мекарданд, эътироф гардид, ки бинобар надоштани нигоҳбони масъулиятшиносе чун «IRS» роҳҳои дигаре, ки ба тозагӣ навсозӣ шудаанд, дар муддати кӯтоҳ рӯ ба вайронӣ оварда, аксарият вазъи ногувор доранд. Ба самъи ҳамватанонамон мерасонем, ки дар давоми солҳои охир, сарфи назар аз таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявӣ, болоравии сатҳи таваррум ва амалӣ гардидани як силсила ибтикор, аз ҷумла, бунёди плазаҳои нав, харидории техникаҳои пуриқтидор, бунёди корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таъмири асосии қариб 100 километр роҳ, Ширкат ба боло бурдани тарофаҳо иқдом накард.
Аз он бояд ёдовар шавем, ки дар роҳ бо харҷи маблағи зиёд низоми навсозишудаи толлингӣ ҷорӣ шуд, ки дар минтақа беназир аст. Муҳимтар аз ҳама, зиёда аз 800 нафар дар филиали Ширкат фаъолият доранду маҳз ба шарофати меҳнати пурмаҳсули онҳо роҳи Душанбе – Чанок мунтазам кушода аст. Ашхоси огоҳ медонанд, ки таъмири куллии роҳ масрафи зиёд дошта, дар ин замина роҳ пурра аз нав эъмор мешавад. Ҳамрадиф бо роҳандозии фаъолият дар сатҳи хуб ва сифати баланд, аз ҷониби филиали Ширкат ба масъалаи ободонӣ, ки дар навбати аввал ба таъмини бехатарии мусофирону ронандагон рабт дорад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда истодааст.
Зикр кардан бамаврид аст, ки фаъолияти асосии Ширкат на дар плазаҳои толлингӣ, балки дар масири роҳи мошингард ба роҳ монда шудааст. Ҳамарӯза садҳо мутахассисони соҳибтаҷриба – устоҳои роҳ бо кумаки техникаи махсусгардонидаи Ширкат ба тозакунӣ, таъмир машғул буда, ҳар як ваҷаби роҳро ҳифз мекунанд, то сифати он барои солҳои тӯлонӣ нигоҳ дошта шавад.
Нуктаи муҳим он аст, ки «IRS» барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯйи талаботи бахши роҳсозӣ амалӣ намудани вазифаҳояш имконият ва шароити зарурӣ, аз қабили мутахассисони болаёқат, корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таҷҳизоти замонавӣ, техникаҳои пуриқтидор дошта, аз онҳо самаранок истифода намуда истодааст. Барои мисол, айни замон теъдоди техникаҳои филиали Ширкат зиёда аз 210 ададро ташкил дода, имкон фароҳам аст, ки нигоҳдории шоҳроҳ тибқи талаботи мавҷуда амалӣ шавад.