Лағжиши кӯҳпора дар километри 45-ум

 

Шоми дирӯз, анқариб соати 22 дар километри 45 - уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ лағжиши кӯҳпораи азим ба амал омад.
Дар натиҷа, як қисмати куҳпораи мавриди назар автомобили барои интиқоли газ махсусгардонидашударо пахш намуда, осеби ҷиддӣ расонид.
Хушбахтона, ҳодисаи мазкур талафоти ҷонӣ дар пай надошт.
Кормандони филиали Ширкат филфавр ба маҳалли ҳодиса сафарбар шуда, дар якҷоягӣ бо кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ пайомади онро рафъ намуданд.
Дар робита ба ин, аз кулли ронандагон бо арзи эҳтиром хоҳишмандем, ки ҳангоми ҳаракат эҳтиёткору бодиққат бошанд!

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо