ЧАРОҒАКИ САБЗ. ЧӢ БОЯД КАРД, КИ ДАР ПЛАЗАҲОИ “IRS” ОН ФУРӮЗОН ШАВАД?
Дар давоми моҳҳои охир кормандони филиали Ширкат фаъолияташонро ҷиҳати зиёд намудани пардохти ғайринақдӣ ҳангоми гузариши воситаҳои нақлиёт аз тариқи плазаҳои толлингии филиали Ширкат тавсеа бахшиданд. Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, пешниҳоди RFID (чипе, ки дар пештоқи оинаи автомобил насб карда, бидуни таваққуф плазаро гузаштан имконпазир аст), кортҳои электронӣ ва зиёд намудани хатсайрҳои экспресс аз корҳои дар робита ба ин масъала амалишуда ба ҳисоб мераванд.
Ронандагон бояд дуруст дарк намоянд, ки истифодаи RFID ( чипе, ки онро дар пештоқи оинаи автомобил насб карда, бидуни таваққуф плазаро гузаштан имконпазир аст) ва кортҳои электронии филиали Ширкат бартариҳои зиёд дорад.
Аввалан, он воситаи хеле қулайи баҳравар гаштан аз хизматрасониҳои пешниҳодменамудаи филиали Ширкат ба ҳисоб рафта, вақти ронандагону мусофиронро сарфа менамояд.
Сониян, ин иқдом то андозае ба коҳиш ёфтани пули нақд дар гардиш, ки аз лиҳози иқтисодӣ хеле муҳим аст, боис мегардад. Таъкид менамоем, ки истифодаи ин намуди хизматрасонӣ ба майлу иродаи шаҳрвандон вобаста буда, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд дар низоми толлингии филиали Ширкат дар муддати кутоҳ суратҳисоби худро кушоянд ва аз имкони пардохти маблағи гузариш аз плазаҳо бо роҳи ғайринақдӣ баҳравар шаванд.
Муҳим он аст, ки истифодаи RFI (чипе, ки онро дар пештоқи оинаи автомобил насб карда, бидуни таваққуф плазаро гузаштан имконпазир аст), кортҳои марбут ба филиали Ширкат бе иштироки хазинадор, ки қаблан тариқи нақд маблағро қабул мекард, имконпазир аст.
Барои онҳое, ки дар пештоқи оинаи автомобилашон RFID насб шудааст, имкон фароҳам меояд, ки умуман дар палазаҳо таваққуф накунанд. Ба ибораи дигар, барои чунин ашхос зимни ҳааркат дар роҳи автомобилгарди Душанбе – Чанок ҳамеша “чароғаки сабз” фурузон мегардад.
Ҳамрадиф бо ин, онҳое, ки аз кортҳои пардохтии “IRS” истифода мекунанд, аз бисёр лиҳоз бурд хоҳанд кард. Масалан, ба дорандаи чунин корт кофӣ аст, ки кортро ба панели берунаи пардохт, ки дар ҷойгоҳи хазинадор насб шудааст, наздик барад. Таҷҳизоти замонавии насбшуда фавран ба кор даромада, маблағи пешбинишуда гирифта, роҳ барои гузариши воситаи нақлиёт кушода мешавад.
Истифодаи чунин корт дар баробари бартариҳои зикршуда, ҳамчунин, замина фароҳам меорад, ки тамбашавии автомобилҳо дар плазаҳои толлингӣ умуман аз байн равад. Зеро сураъати хизматрасонӣ бамаротиб афзуда, сифати он беҳбуд меёбад.
Хотиррасон бояд кард, ки кушодани суратҳисоб ва гирифтани корт осон ва дар муддати кутоҳ имконпазир буда, шаҳрвандонро мебояд нусхаи шиноснома, нусхаи РМА (ИНН), нусхаи шиносномаи техникии автомобил, нусхаи ваколатномаро (агар воситаи нақлиёт таҳти соҳибияти дигар шахс бошад), ба пешниҳод намояд. Маълумоти иловагӣ дар саҳифаи филиали Ширкат дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук, сайти филиали Ширкат ва аз тариқи телефони 48 701 10 20 қобили дарёфт аст.
Ёдовар бояд шавем, ки моҳи апрели соли 2016 мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд. Моддаи 615 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Риоя накардани тартиби истифодаи мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ ва баҳисобгирии хазина» ном дошта, тибқи иловаҳо ба номи модда калимаҳои «терминалҳои электронӣ» ва қисми нав дар таҳрири зерин пешниҳод гардидааст: «Барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ё рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сад то яксаду шаст, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз яксаду шаст то яксаду ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду ҳаштод то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешаванд».
Ба густариши пардохти ғайринақдӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан далели возеҳи он аст, ки роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои ин муқаррароти қонунгузорӣ фаъол буда, дар ин самт корҳои зиёдро ба иҷро расонидаанд.
Бо дарки масъулият мегӯем, ки пардохти ғайринақдӣ ба маънои томаш кумакрасони беминнати ронандагон аст. Ба шарте ки моҳияти он дарк гардаду ин раванд дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ шавад.
Боварӣ дорем, ки ояндаи наздик истифодаи кортҳои электронии филиали Ширкат миёни ронандагон маҳбубият касб хоҳад кард.