ФАВРИЯТ ДАР РАФЪИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ГУВОҲИ МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ АСТ

Мусаллам аст, ки бинобар дар минтақаи куҳистон ҷойгир будани қисмати аъзами роҳи Душанбе – Чанок сатҳи осебпазирии он аз офатҳои табиӣ хеле зиёд баланд аст. Ҳатто дар мавсми баҳору тобистон ин роҳ аз офатҳои табиӣ, аз қабили омадани сел, фаромадани сангпораҳо, лағжиши кӯҳпора ва ғайра эмин набуда, ба маънои томаш офатҳои табиӣ раванди муттасиланд. Кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нигоҳдории роҳи мазкур ба зиммаашон вогузор аст, баҳри пешгирии чунин ҳолатҳо аз тамоми имкониятҳо самарнок истифода намуда истодаанд. Ин аст, ки чунин минтақаҳо зери назорати доимӣ қарор дошта, иқдомоти пешгирикунанда тавсеа ёфтаанд. Вале табиат қонунҳои нонавиштаи худро дорад, ки пешгирии онҳо берун аз имконоти инсон аст. 19 июни соли равон, соати 16 аз километри 188 то 196-уми роҳ, дар натиҷаи боридани боришоти шадиди борон фаромадани сел ба амал омад. Дар ин замина, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар масири мазкур муваққатан ба мушкил мувоҷеҳ гардид. Кормандони Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Зарафшон таври фаврӣ чораандешӣ намуда, дар лаҳзаҳои аввали рух додани ин ҳолат баҳри бартараф намудани он камари ҳиммат баста, бо ин мақсад кормандон ва техникаву механизмҳои заруриро сафарбар намуданд. Дар заминаи андешидани чораҳои фаврӣ дар як муддати кутоҳ роҳ аз селовард тоза шуда ҳаракати бемонеаи нақлиёт таъмин карда шуд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо