ҲАРАКАТИ НАҚЛИЁТИ ПРИТСЕПДОР ВА "ФУРА" - ҲО АЗ КИЛОМЕТРИ 100 БА САМТИ ДУШАНБЕ БАЪД АЗ ТАВАҚҚУФИ КУТОҲМУДДАТ ИҶОЗАТ ДОДА ШУД

 

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо мақсади таъмини ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт ва пешгирии бавуҷудоии тамбашавии автомобилҳо ҳаракати мошинҳои боркаши притсепдор ва "Фура" - ҳо муваққатан боздошта шуд. 
Иловатан иттилоъ медиҳем, ки чанд лаҳза пеш аз километри 100 - ум ( масире , ки аз он ҷо ҳаракати ин қабил нақлиёт муваққатан шуда буд) аз самти Хуҷанд ба Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёти зикршуда иҷозат дода шуд. 
Қобили зикр аст, ки кормандони филиали Ширкат фаъолияти худро дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ намуда, масъулиятшиносиву фаврияти тадбирандешиҳои онҳо мавриди ситоиши ронандагон ва мусофирон қарор дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо