НУҚТАҲОИ НАВИ ВАЗНЧЕНКУНӢ . ОНҲО ЧӢ МОҲИЯТ ВА ЗАРУРИЯТ ДОРАНД?

 

“IRS” барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯйи талаботи бахши роҳсозӣ амалӣ намудани рисолаташ тибқи шартномаи консесионӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият ва шароитҳои зарурӣ, аз қабили мутахассисони болаёқат, корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таҷҳизоти замонавӣ, техникаҳои пуриқтидорро доро буда, аз онҳо самаранок истифода намуда истодааст. 
Бо дарки масъулият мегӯем, ки баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва дар ин замина мутобиқ намудани он ба талаботи байналмилалӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар ин ҷода мунтазам чорандешӣ мешавад. Бо ин мақсад филиали Ширкат ҳамкории худро бо ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ густариш бахшида, таҷриба ва технологияи ҷадиди онҳоро дар раванди фаъолият истифода намуда истодааст. Фаъолияти муштарак ва барои тарафайн судманд имкон фароҳам меорад, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ беш аз пеш беҳбудӣ ёфта, мусофирону ронандагон аз хизматрасониҳои ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ баҳравар гарданд.

Ёдовар мешавем, ки бо дарназардошти талаботи замон ва таъмини рушди бемайлони Ширкат лоиҳаи ҷадид оид ба ҷорӣ кардани системаи нави электронии толлингӣ татбиқ шуд. Ҷанбаҳои мусбати плазаҳои нав хеле зиёданд. Барои мисол, пардохти ғайринақдӣ густариш ёфта, истифодаи кортҳои пардохтии намунаи нав хеле қулай шуд.Илова бар ин, ронанда метавонад василаи нави пардохтиро ба шишаи пеши автомобил насб намуда, бидуни таваққуф плазаро убур намояд. Дар ин фосила таҷҳизоти замонавие, ки дар плазаҳои нав насб мешаванд, автомобилро ба қайд гирифта, аз корти пардохтии мутаалиқ ба соҳиби он маблағи пешбинишударо мегиранд. Навгонии дигари қобили мулоҳиза, ки дар асоси дархости шаҳрвандон рӯи кор омадааст, хизматрасонии “Клиент – Сервис” мебошад. Ҳамчунин теъдоди плазаҳои филиали Ширкат, ки айни замон 7-то аст, коҳиш ёфта, ба 6-то мерасад. Яъне, плазаи воқеъ дар Майхура аз байн бардошта шуд. Сониян, ба ҷои 4 хати ҳаракат 8 хати ҳаракат фаъол гашта, плазаҳои толлингии Варзоб ва Ҳушёрӣ мутаносибан панҷ килотметрӣ дуртар аз макони ҳозираашон ҷойгир шуда, бо зебогиву имконоти васеи худ, ки ҷавобгӯи талаботи байналмилалист, ҷаззобияти минтақаи Варзобро барои сайёҳону истироҳаткунандагон афзун намуданд. 
Эътироф бояд кард, ки қаблан баъзан дар плазаҳои толлингӣ тамбашавии нақлиёт ба вуҷуд омада, боиси нороҳатии ронандагону мусофирон мегардид. Иқдоми зикршуда шароит фароҳам овард, ки тамбашавӣ пурра аз байн равад. Бартарии дигар насби панелҳои иттилоотӣ дар ҳар хати ҳаракат маҳсуб шуда, омили мазкур замина фароҳам меорад, ки сатҳи иттилоотонии ронандагон болотар бардошта шавад. Дар панелҳои мазкур дар баробари иттилоъ бобати моҳияту навгониҳои фаъолияти филиали Ширкат, ҳамзамон оид ба вазъи обу ҳаво, ҳолати роҳ ва дигар воқеоти муҳими ба масири роҳи Душанбе – Чанок рабтдошта ҷойгир шудаанд. 
Эътироф бояд кард, ки сарфи назар аз фаъолияти пурмаҳсули кормандони мо, бинобар аз ҷониби баъзе ронандагони воситаҳои нақлиёти гаронвазн риоя нагардидани талаботи мавҷуда, аз ҷумла қоидаҳои ҳамлу нақли молу маҳсулот вайроншавии баъзе қитъаҳои роҳи Душанбе –Чанок ба вуҷуд омада истодааст. Вазъият то ҳадде нигаронкунанда аст, ки дар баъзе қитъаҳо вайронашвии даҳҳо километр роҳ ба вуҷуд омада, филиали Ширкат дар ин минтақаҳо таъмири куллии роҳро гузаронд. 
Бо мақсади пешгирӣ ва бартараф намудани ин падидаи номатлуб - аз меъёр зиёд бор гирифтани ронандагони воситаҳои нақлиёти гаронвазн филиали Ширкат тадбирандешӣ дорад. Дар навбати аввал корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшидем, зеро беҳтарин васила дар рафъи мушкилот маҳз ҳамин усул аст. Мутаассифона, бо вуҷуди густурда будани корҳои фаҳмондадиҳӣ на ҳама ронандагон муҳимияти масъалаи мавриди назарро дарк намуданд. 
Сониян, бо ин мақсад мо нуқтаҳои вазнченкуниро фаъол намудем. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки то ин замон дар километрҳои 39 ва 181 нуқтаҳои вазнченкунӣ фаъолият доштанд. Бо мақсади тавсеа бахшидани чорандешиҳо ҷиҳати тамдиди муҳлати истифодаи роҳ роҳбарияти филиали Ширкат тасмим гирифт, ки дар наздикии ҳар плазаи толлингӣ чунин нуқтаҳоро мавриди истифода қарор диҳанд. 
Иттилоъ медиҳем, ки аз 10 августи соли равон дар километри 39 –ум нуқтаи нави вазнченкунӣ, ки бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз аст, ба фаъолият шурӯъ менамояд. Баҳри татбиқи ин иқдом ҳамкории филиали Ширкат бо ширкати “Tecsidel” беш аз пеш густариш ёфтааст. Гуфтан бамаврид аст, ки ин ширкат таҷрибаи кофии кор дар лоиҳаҳои мавриди назарро дошта, кишварҳои пешрафтаи олам, аз қабили Франсия, Испания, Британияи Кабир, Норвегия, Шветсия, Ирландия, Федератсияи Россия, Бразилия, Чили, Аргентина, ИМА, Ҳундустон ва ғайра аз таҷҳизоту хизматрасониҳои он истифода намуда истодаанд.
Бартариҳои нуқтаи нави вазнченкунии километри 39 зиёд буда, бо мақсади ба вуҷуд наомадани ҷамъшавии шумораи зиёди воситаҳои нақлиёт аз ҳарду ҷониби хати ҳаракат баркашидани воситаҳои нақлиёт имконпазир аст. Чунин тарзи кор шароит фароҳам меорад, ки барои муайян намудани вазн ва андозаи воситаҳои нақлиёт дар нуқтаҳои вазнченкунии нав фурсати зиёд сарф нашавад. 
Махсуси таъкид менамоем, ки андешаҳо бобати он ки нуқтаҳои мазкур ба хотири ҷамъоварии маблағи иловагӣ таъсис ёфтаанд, беасос аст. Мо ба ҳеҷ ваҷҳ манфиатдор нестем, ки ронандагон аз меъёр зиёд бор гиранд, зеро хароҷоти мо дар робита ба таъмири роҳ аз маблағе, ки дар нуқтаҳои вазнченкунӣ ҷамъоварӣ мешаванд, бамаротиб зиёд аст. Эътироф бояд кард, ки табиати инсонҳо, хоса мардуми Шарқ аҷиб аст. Содир кардани кирдори номатлубе, ки пайомадаш муҷозот набошад барои иддае падидаи маъмул мешавад. Далел меорем: То фаъол гардидани маркази худкори «Шаҳри бехатар» қисмати аъзами ронандагон «шоҳу таъбашон вазир» буд.Чун қонунвайронкуниҳояшон боиси холишавии киса гардид, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ муҷрим дониста нашаванд. 
Ба ин монанд, таъсиси нуқтаҳои вазнченкунӣ омили таъсиррасон буда, ҳадафи мо ба ин васила аз байн бурдани қонуншиканӣ - бо бори аз меъёр зиёд ҳаракат намудани воситаҳои нақлиёт аст. Ояндаи наздик дар назди дигар плазаҳо – Шаҳристон , Истаравшан ва Чойрух низ чунин нуқтаҳои вазнченкуниро фаъол мешаванд. 
Қобили зикр аст, ки иқдоми мазкур ҷиҳати иҷрои талаботи «Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд» амалӣ шуда, риояи муқаррароти қоидаҳои зикршуда аз ҷониби моликону истифодабардагони воситаҳои нақлиёт , новобаста аз шакли моликият ҳатмӣ мебошад. 
Дар ин ҳуҷҷат минҷумла омадааст, ки «андозаҳои максималӣ ва меъёрҳои вазни воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонугузори Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба вазн ва андозаҳои васитаҳои нақлиёт,ки интиқоли байналмилалии борро дар роҳҳои автомобилард анҷом медиҳанд, муқаррар карда мешавад». 
Бо дарназардошти нукоти зикршуда иловатан таъкид менамоем, ки иқдоми мазкур на ба хотири ҷамъоварии маблағ, балки ҷиҳати аз байн бурдани ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳои аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд амалӣ шудааст. 
Аз ҷониби дигар, чунин иқдом дар тамоми мамлакатҳои олам роиҷ буда, натиҷаҳои хуб ба бор овардааст. Итминонамон комил аст, ки мусофирону ронандагон моҳияти ин иқдомро дарк намуда, талаботи ҷоришударо риоя хоҳанд кард.

Дар расм нуқтаи вазнченкунии километри 39-ум, ки аз 10 августи соли равон фаъолияташ шурӯъ мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо