ПАС АЗ БАРТАРАФ НАМУДАНИ ХАТАРИ МАВҶУДА ҲАРАКАТИ НАҚЛИЁТ ИҶОЗАТ ДОДА ШУД

 

Тавре пештар иттилоъ дода будем, чанд соат қабл дар километри 72 - юм автомобили боркаши барои интиқоли газ пешбинишуда ба садама дучор шуда буд. Бинобар хориҷ шудани газ ва мавҷуд будани хавфи таркидани он ҳаракати воситаҳои нақлиётро ба муддати 40 дақиқа боздошта будем. Дар заминаи тадбирандешиҳои муштарак бо кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ хавфи мавҷуда - эҳтимоли таркидани автомобил бартараф ва ҳаракати нақлиёт иҷозат дода шуд. Ҳоло роҳ кушода буда, ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт таъмин аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо