ФАВРӢ! БИНОБАР РУХ ДОДАНИ САДАМА ҲАРАКАТИ НАҚЛИЁТ МУВАҚҚАТАН БОЗДОШТА ШУД

 

Чанд лаҳза пеш дар километри 72- юми роҳи автомобилгарди Душанбе- Чанок автомобили барои кашонидани газ махсусгардонидашуда ба садама дучор шуда, ба бинои дар ин масир мавҷудбуда бархӯрд. Дар натиҷа ронандаи автомашина ҳалок гардида, гази дар он мавҷудбуда хориҷ шуда истодааст. Аз лаҳзаҳои аввали рух додани садама кормандони филиали Ширкат ба маҳалли ҳодиса расида, чораҳои дахлдор андешида шуд. Тибқи фарзияҳо, ронандаро хоб бурдан сабаби рух додани садамаи мазкур шудааст. Дар мувофиқа бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати мамлакат, Хадамоти оташнишонии ВКД ва БДА тасмим гирифтем, ҳаракати нақлиёт дар ин масир муваққатан боздошта шавад. Иқдоми мазкур ба хотири таъмини бехатарии мусофирону ронандагон амалӣ шкд, зеро хавфи таркидани гази дар автомобил боқимонда мавҷуд аст. Доир ба ин масъала иловатан маълумот пешниҳод хоҳем кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо