ДАР НАМОЯНДАГИИ СУҒД ТАЪМИРИ РОҲ МАСЪАЛАИ МЕҲВАРИСТ
Бино ба иттилое, ки чанд лаҳза пеш аз менеҷери филиали Ширкат дар минтақаи Суғд М. Хоҷаев дастрас намудем, кормандони Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Суғд фаъолияташонро дар робита ба таъмири асосии роҳ, ки алъон дар сархати авлавиятҳои Шӯрои нозирон ва роҳбарияти филиали Ширкат қарор дорад, беш аз пеш тавсеа бахшиданд. Тавре манбаъ гуфт, дар роҳ таъмири асосӣ бо ҷалби техникаву механизмҳои махсусгардонидашуда ва истифодаи асфалти хушсифатҷараён дорад. Лозим ба ёдоварист, ки барои дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ намудани таъмир роҳбарияти филиали Ширкат мутахассисонро аз ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҳайси машваратчӣ ҷалб намуда, умури корҳо зери назорати ҷиддӣ ва доимӣ қарор дорад. Дар маҷмӯъ, бемайлон ва тибқи талаботи мавҷуда пеш рафтани таъмири роҳ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мо азми қавӣ ва нияти нек доштему дорем.
Бори дигар таъкид менамоем, ки барои муътақид шудан ба масъулиятшиносиву поквиҷдонии кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” бояд ибтикори талош ва такопуяшонро дар робита ба иҷрои рисолат бо чашми сар дид. Баъзан маврид ҳастанд нафароне, ки нигоҳдории роҳро кори саҳлу сода пиндошта, ба фаъолияти филиали Ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “аз паси панҷа менигаранд”. Дар ҳоле ки аз лиҳози моҳият нигоҳдории роҳ аз бунёди он камтар набуда, дар сурати сари вақт ва тибқи талаботи мавҷуда амалӣ нагардидан дар як муддати ғайри қобили истифода шудани роҳ амри муқаррарист
Бо дарки масъулият мегӯям, ки аз рӯзҳои аввали аввали фаъолият масъулиятшиносӣ дар сархати авлавиятҳои филиали Ширкат қарор дошту дорад. Бароямон боиси ифтихор аст, ки ронандагону мусофирон ба роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат барои масъулиятшиносӣ ва босуръат ҷараён доштани таъмири асосии роҳ арзи сипос намуда, гуфтанд, ки воқеан ҳам роҳи Душанбе – Чанок дар симои филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳбони боэътимод дорад.
–Ин корҳоро нодида гирифтан беинсофӣ аст. Дидем, ки онҳо (манзур кормандони филиали Ширкат) хеле масъулиятшиносанд. Ҷаҳду талош мекунанд то роҳ кушода ва дар ҳолати хуб қарор дошта бошад. Кормандонаш ҳамеша дар такопӯ буда, ба ронандагону мусофирон бо муносибати хуб доранд. Аҳсан ба онҳо!,-мегӯянд ронандагону мусофирон.
Дар маҷмӯъ, кормандони мо доимо ба тадбирандешии бетаъхир омода буда, аз он ки фосилаҳоро наздик ва қалбҳоро бо ҳам мерасонанд, ифтихорманданд. Ба онҳо барору комёбӣ таманно дорем.