ШАРҲИ МУХТАСАР ДОИР БА ТАҒЙИРОТ ВОБАСТА БА ТАЪМИРИ РОҲ
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, роҳбарияти филиали Ширкат тасмим гирифтааст дар мавсими имсола 117 километр роҳро таъмири асосӣ намояд. Дар робита ба ин, дар намояндагиҳои филиали Ширкат дар минтақаҳои Варзоб, Зарафшон ва Суғд корҳо босуръат ва муташакилона идома дошта, дар муддати кутоҳ масофаи зиёди роҳ таъмири куллӣ гардид. Дар иртибот ба масъалаи зикршуда иттилоъ медиҳем, ки тибқи суратмаҷлиси (протоколи) ҷаласаи назди Сарвазири мамлакат ба тасмими мо ҷиҳати пешбурди таъмири асосии роҳ каме тагйирот ворид гардид. Ба маълумоти ҳамватанон мерасонем, ки бинобар зарур ва ногузир будани гузариши муназзами воситаҳои нақлиёти гаронвазн, ки ба кашонидани ангишт барои Марказҳои барқу гармидиҳии Душанбе 1 ва Душанбе 2 машғуланд, дар километрҳои 61 то 106-ум таъмири куллии роҳ дар ин мавсим амалӣ намешавад. Зеро дар сурати роҳандозии шудани таъмири асосӣ ба раванди захираи ангишт барои Марказҳои зикршуда, ки фаъолияташон дар мавсими сармо ба ҳаҷми захираи ангишт бевосита рабт дорад, латма ворид хоҳад шуд. Аз чониби дигар, амалӣ намудани таъмир дар ин масир бо дарназардошти имконнопазир будани ҷоринамоии маҳдудияти мавсимӣ тадбири дурандешона нест. Биноан, тасмим гирифтем, ки дар масир мазкур (манзур аз километри 61 то 106- ум аст) танҳо таъмири ҷорӣ гузаронида шавад. Махсус таъкид менамоем, ки таъмири куллии роҳ дар қитъаҳои дигар бомаром идома дошта, мо ваъдаи хеш бобати ба марҳилаи сифати нав ворид намудани раванди таъмир устуворем. Ҳадафи пешниҳоди шарҳи мухтасар оид ба ин тагйирот огоҳ намудани ҳамватанони азиз аз моҳияти он аст. Зеро суоле пайдо шуданаш мумкин аст, ки чаро ин қитъа аз таъмири асосӣ дар канор мондааст? Ронандагону мусофирони гиромиқадр дилпур бошанд, ягон минтақаи роҳ барои мо шабеҳи " фарзанди угай" набуду нест. Ҳамрадиф бо ин, аз шаҳрвандон дар робита ба мавҷудияти нуқсонҳо дар масири мавриди назар ва баъзе нороҳатиҳое, ки дар заминаи таъмири роҳ ба миён омадаанд ва ё меоянд, узрхоҳӣ менамоем. Итминонамон комил аст, ки шаҳрвандон ба ин масъала бо ҳисси ҳамдигарфаҳмӣ муносибат ва меҳнати кормандони моро арҷгузорӣ менамоянд.